Уилям Гилберт (англ. William Gilbert, 24 майи 1544, Кулчестер, Эссекс — 30 ноябри 1603, Лондон) — физикдон ва пизишки инглис, табиби дарбори малика Елизавета I ва Якови I.

Уилям Гилберт
англ. William Gilbert
Таърихи таваллуд 24 май 1544[1]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 30 ноябр 1603(1603-11-30)[1][2] (59 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ физикдон, пизишк, физик[4], ахтаршиносӣ[4], magnetism[d][4], electricity[d][4] ва пизишкӣ[4]
Алма-матер
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Хатмкардаи коллеҷи Сейнт Ҷон ва Донишгоҳи Кембриҷ. Доктори илмҳои тиб (1569). Уилям Гилберт нахустин назарияи ҳодисаҳои магнитиро таҳия кардааст. Бори аввал ӯ тахмин кард, ки Замин магнити бузург аст. Ӯ дар таҷриба исбот кард, ки дар ҳолати магнитдор кардани кураи оҳанӣ он ба қутбнамо ҳамчун Замин таъсир карда, мавқеи ақрабаки онро дигар мекунад. Соли 1600 асари «Дар бораи магнит, ҷисмҳои магнитӣ ва магнити калон ‒ Замин»-ро нашр намуд, ки дар он таҷрибаи таҳқиқоти худ (600 таҷриба)-ро оид ба омӯзиши ҳодисаҳои магнитию электрӣ тафсир додааст. Уилям Гилберт исбот намудааст, ки магнит (оҳанрабо) дорои ду қутб ‒ шимолӣ ва ҷанубӣ буда, қутбҳои ҳамном аз ҳам тела мехӯранд, гуногунном бошад, ба ҳамдигар ҷазб мешаванд. Уилям Гилберт тахмин намудааст, ки қутбҳои магнитии Замин ба қутбҳои географии он мувофиқ меоянд. Ӯ муқаррар намудааст, ки бисёр ҷисмҳо, ба монанди каҳрабо баъди соиш додан ба худ ҷисмҳои сабукро мекашанд (ҷазб мекунанд). Уилям Гилберт ин хосияти ҷисмҳоро таҳқиқ карда, онҳоро хосиятҳои электрӣ номид (ба забони юнонӣ каҳрабо ‒ электрон аст) ва ба илм ин истилоҳро ворид кардааст. Уилям Гилберт дар Англия аввалин донишманде буд, ки таълимоти Арастуро танқид ва таълимоти Н. Коперникро пуштибонӣ кардааст. Соли 1964 Созмони байналмилалии мунаҷҷимон ба танӯраи тарафи намоёни Моҳ номи Уилям Гилбертро гузоштааст.

  • Гилберт У. О магните, магнитных телах и о большом магните ‒ Земле. М., 1956.

Сарчашма

вироиш