Бузкашӣ

(Тағйири масир аз Улоғ)

Бузкашӣ, улоғ, (кӯпкорӣ) - мусобиқаи бузкашӣ дар миѐни мардуми тоҷик хеле маъмул аст. Аслан ин маросимро бо омадани ҷашни Наврӯз, яъне дар фасли баҳор бештар амалӣ месозанд. Ин анъана аз тарафи ҳукумати маҳаллӣ ѐ баъзе шахсҳои алоҳидаи сарватманд низ дар тӯйҳояшон созмон дода мешавад. Як рӯз пеш бузеро сар мезананд ва дар об тар карда мегузоранд. Рӯзи бозӣ дар як майдони васеъ гурӯҳи иштирокчиѐни мусобиқа (човандозон) ҷамъ меоянд. Ҳар касе, ки ҷасади бузро ба марра мерасонад, ғолиб дониста мешавад. Дар вилояти Суғд, вилояти Хатлон, водии Ҳисори Тоҷикистон ва Афғонистону Узбекистон фаъол аст[1][2]

Бузкаши

Қоидаҳои бузкашӣ

вироиш

Тарзу усул ва қоидаҳои бузкашӣ дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон қариб як хел мебошад: то оғози бузкашӣ савораҳо дар ҷойи муайян ҷамъ меоянд. Баъд довар бузи (ё гӯсолаи) сарбуридаро дар нуқтаи муайяне (одатан дар чуқурӣ) ба замин мепартояд. Ин дам анбӯҳи саворон (аз 30 то 150 ва бештар савор) ба гирифтани буз мешитобанд ва бузкашӣ сар мешавад.

Дар Бузкашӣ шахсе ғолиб дониста мешавад, ки бузро аз замин бардошта ва ё бузи аз замин бардоштаро аз дасти аспсаворе зӯран гирифта ба марра (тақр. 300 – 500м) бурда расонад. Ҳангоми бузкашӣ бо чилбур ё ресмон бастани пойи буз ба қоши зини асп манъ аст. Б. аксар дар рӯзҳои ҷашни валодат, ақиқа, идҳо, баъзан тӯйи арӯсу домод ва диг. маросимҳо гузаронида мешуд. С. 1957 дар Қазоқистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла, дар Тоҷикистон – дар назди аспрез (ипподром) бузкашӣ ҳамчун намуди мустақили варзиш ба расмият дароварда шуд. Чапандозони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷумҳуриву умумииттифоқӣ комёбиҳои бисёр ба даст оварданд. Дастаи Тоҷикистон дар чемпионати СССР оид ба бузкаши 14 маротиба ҷойи якум, с. 1976 ҷойи дуюм, с. 1977 дар ш. Фрунзе ҷойи сеюмро гирифт.[3]

  1. Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ./ Пажӯшиҳгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилооти Вазорати фарҳанги ҶТ - Душанбе: "Ирфон", 2014, - С. 64
  2. ПИТФИ Феҳристи миллии намунаҳои мероси фарҳангии ғайримоддӣ (пайванди дастнорас)
  3. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - с. 184-185