Тоҳир Умаров (тав. 25.02.1929, ш. Конибодом – ваф. 9.07.1975, ш. Душанбе), муаррих, номзади илмҳои таърих (1961), дотсент (1965).

Умаров Тоҳир
Тоҳир Умаров
Санаи таваллуд:

25 феврал 1929(1929-02-25)

Зодгоҳ:

Конибодом, ҶШС Тоҷикистон, СССР

Санаи марг:

9 июл 1975(1975-07-09) (46 сол)

Маҳалли марг:

Душанбе, Тоҷикистон

Мамлакат:

 Тоҷикистон

Фазои илмӣ:

таърих

Ҷойҳои кор:

Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ

Дараҷаи илмӣ:

номзади илмҳои таърих

Унвонҳои илмӣ:

дотсент

Алма-матер:

Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

ЗиндагиномаВироиш

Соли 1951 факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёнаро (ш. Тошкент) хатм кардааст. Солҳои 1951–1961 муаллими калони кафедраи ҲКИШ, 1961–1963 декани факултети таъриху филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко, 1961–1962 аспиранти назди кафедраи таърихи ҲКИШ-и Донишгоҳи давлатии Осиёи Миёна, 1962–1971 ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Кӯлоб, 1971–1975 ректори Донишкадаи давлатии тарбияи ҷисмонии ш. Душанбе ба номи М.И. Калинин буд. Дар анҷуманҳои 15 ва 16 Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон номзад ба аъзогии КМ ҲК ҶШС Тоҷикистон интихоб шуда буд. Муаллифи 6 асар ва 60 мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ аст. Мавзӯи тадқиқотҳои ӯро масъалаҳои сохтмони маданӣ дар Тоҷикистон ва инкишофи маорифи халқи Тоҷикистон дар панҷсолаи панҷум дар бар гирифтаанд. Барои хизматҳояш бо медали «Меҳнати шоён» ва ифтихорномаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

ОсорВироиш

  • Инкишофи маорифи халқи Тоҷикистон, Д., 1968;
  • Аз таърихи сохтмони маданӣ дар Тоҷикистон, Д., 1959;
  • Оид ба таърихи муборизаи Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон барои инкишофи маорифи халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои панҷсолаи панҷум, Д., 1960.

Пайвандҳои берунаВироиш