Умар Сулаймонович Умаров (тав. 04.08.1966, деҳаи Шаватки Болои ноҳияи Айнӣ) — физикдон, номзади илмҳои педагогӣ (2010).

Умар Умаров
Умар Сулаймонович Умаров
Таърихи таваллуд 4 август 1966(1966-08-04) (58 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Айнӣ , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1983—1990 дар шуъбаи физика-математикаи факултети физикаи Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко таҳсил намуда, дар ин миён солҳои 1984—1986 дар сафҳои Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст. Дар давраи донишҷӯӣ солҳои 1988—1990 ба ҳайси лаборанти кафедраи методикаи таълими физикаи донишкадаи омӯзгорӣ кор кардааст. Солҳои 1990-1991лаборанти калон, 1991—1998 ассистенти кафедраи методикаи таълими физика буд ва аз соли 1998 ҳамчун муаллими калони кафедраи номбурдаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор мекунад. Ҳамзамон, солҳои 1994—1997 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил дошт. Оид ба истифодаи маводи маҳал дар таълими физикаи мактабҳои миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ ва дигар масъалаҳои методикаи таълими физика корҳои илмӣ мебарад. Муаллифи зиёда аз 100 номгӯи корҳои илмию методӣ мебошад, ки 20 номгӯи онҳоро воситаҳои таълимию методӣ ташкил медиҳанд. Бо ташаббуси ӯ аввалин маротиба дар ҷумҳурӣ ҷадвалҳои таълимӣ аз физика бо забони тоҷикӣ мураттаб, нашр ва дастраси муаллимони физикаи мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ гардид. Шумораи зиёди мақолаҳояш дар маҷаллаҳои илмии ҷумҳурӣ нашр шудаанд. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2006) ва раҳматномаҳои раёсати донишгоҳи омӯзгорӣ сарфароз шудааст.

  • Физика (Китоби дарсӣ барои синфи 8), Д., 2009;
  • Истифодаи маводи маҳал дар ҳалли масъалаҳои тарбиявии таълими физика (Дастури методӣ), Д., 2009;
  • Таҷрибаомӯзии педагогӣ (бо ҳаммуаллифӣ), Д., 2010;
  • Корҳои беруназсинфӣ аз физика, Д., 2008;
  • Саёҳатҳои физикӣ, Д., 2005;
  • Озмоишҳои хонагӣ аз физика, Д., 2006;
  • Рукнҳои тарбиявии таълими физика, Д., 2007

Пайвандҳо

вироиш