Умедҷон Сайдуллоев

Умедҷон Ӯктамович Сайдуллоев (тав. 15.09.1980) ноҳияи Ғафуров, вилояти Суғд — олим, омӯзгор, номзади илмҳои иқтисод.

Умедҷон Сайдуллоев
Умедҷон Ӯктамович Сайдуллоев
Таърихи таваллуд 15 сентябр 1980(1980-09-15) (44 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ғафуров, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор ФҶСК «Тоҷиктелеком»-и шаҳри Гулистон, Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои иқтисод
Алма-матер Донишкадаи идоракунии Тоҷикистон (2001), Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (2018)

Зиндагинома

вироиш

Соли 2001 Донишкадаи идоракунии Тоҷикистон ва соли 2018 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон-ро хатм кардааст. Ихтисос иқтисодчӣ, муҳандиси алоқа.

  • Солҳои 2002-2005 — Иқтисодчии ФҶСК «Тоҷиктелеком»-и шаҳри Қайроққум;
  • Солҳои 2005-2006 — Иқтисодчии ФҶСК «Тоҷиктелеком»-и н. Б. Ғафуров;
  • Солҳои 2006-2007 — Сардори ФҶСК «Тоҷиктелеком»-и н. Б. Ғафуров;
  • Солҳои 2007-2008 — Сардори шуъбаи назорати шабакаҳои алоқаи барқӣ ва алоқаи почтавии ХДНТАИ Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2008-2009 — Сардори раёсати назорат дар соҳаи алоқа ва иттиллоотонии ХДНТАИ Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2009-2010 — мутахассиси пешбари шуъбаи муҳосибот ва молияи ХДНТАИ Вазорати нақлиёт ва коммуникатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2010-2019 — Сардори ФҶСК «Тоҷиктелеком»-и шаҳри Гулистон;
  • Солҳои 2011-2019 — омӯзгори муштарак вазифаи кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекомуникатсионии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров;
  • Аз 16.12.2019 — 02.2020 — и. в. мудири кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров;
  • Аз 02.2020 то ҳол — мудири кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.[1]