Урватуллои Тоир

(Тағйири масир аз Урватулло Тоиров)

Урватуллои Тоиррӯзноманигор, адабиётшинос , олим, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (1969), доктори илмҳои филология (1997), профессор (1998).

Урватуллои Тоир
Урватулло Тоир
Таърихи таваллуд 10 май 1942(1942-05-10) (82 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Файзобод
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология
Унвонҳои илмӣ профессор
Ҷоизаҳо Медали «Нишони фахрӣ» (2002), Аълочии маорифи Тоҷикистон (2002)

Зиндагинома

вироиш

Урватуллои Тоир 10 майи соли 1942 дар деҳаи Ҳаймаҳмадии ноҳияи Файзобод таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон (1966). Фаъолияти меҳнатияш ба ҳайси рӯзноманигор дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» (1966-1967) оғоз гардида, баъд ба Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик гузашта, ба ҳайси муҳаррири калони илмӣ ва мудири редаксияи «Луғатнома ва нашри луғатҳои дузабона» то соли 1990 фаъолият кардааст. Сипас ба кори Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон гузашта, солҳои 1990-1991 дотсент, солҳои 1994-1996 мудири кафедраи фолклоршиносӣ ва усули таълими забон ва адабиёти тоҷик, аз соли 1998 профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷик, солҳои 2002-2006 вазифаи сардабири маҷаллаи «Маърифат» - ро ба ҷо овард. Аз соли 1997 профессори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абӯҳанифа низ мебошад. Ҳамзамон, солҳои 2006-2008 сармуҳаррири «Энсклопедияи ДМТ» буд. Муддати шаш сол аст, ки ба маҳфили илмии «Таҳлили каломи манзум» роҳбарӣ мекунад. Урватуллои Тоир аз соли 1998 узви Шӯрои олимони ДМТ доир ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ буда, ба 3 аспирант роҳбарӣ кардааст. Аз соли 1969 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Эҷодиёт

вироиш

Урватуллои Тоир ғайр аз масъалаҳои умумии [[адабиётшино, ба таҳқиқи соҳаҳои камомӯхташудаи илми адабиётшиносӣ чун арӯз, қофия ва бадеъ тадқиқоти судманд анҷом додааст. Инчунин, дар ҳамин замина матни чанд асари гаронбаҳои адабиётшиносии форсу тоҷик, аз қабили «Чаҳор мақола» - и Низомии Арӯзии Самарқандӣ (1986, ҳамроҳи профессор Худоӣ Шарифов), «Ал-мӯъҷам-и Шамси Қайси Розӣ» (1991), «Меъёр-ул-ашъор» - и Насируддини Тӯсӣ (1992), «Фунун ва саноеи адабӣ» - и Ваҳидиёни Комёр (1995), «Бадоеъ-ул-афкор» - и Ҳусайн Воизи Кошифӣ (2007), «Рисолаи рубоӣ» - и Мулло Саъдуллоҳ (2007) ва ғайраро бо таҳқиқ ва шарҳу тавзеҳ, таҳияву нашр кардааст. Ҳамзамон барои донишгоҳҳои олӣ («Назмшиносӣ», ҳамроҳи профессор Худоӣ Шарифов; «Таърихи адабиёти тоҷик» Ҷ. 1, 2010, ҳамроҳи дотсент Солеҳов М.) ва мактабҳои миёна чанд китоби дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ («Барномаи таълими адабиёти тоҷик») барои синфҳои 5-11, Д., 2006 (ҳамроҳи профессор Х. Шарифов), «Адабиёти тоҷик» барои синфи 7., Д., 2008 (ҳамроҳи Мӯсоев М), «Адабиёти тоҷик» барои синфи 10. Д., 2010 (ҳамроҳи М. Солеҳов ва Р. Шарифов), «Баёзи адабиёти тоҷик». Теҳрон, 2011 (ҳамроҳи М. Солеҳов) таълиф кардааст. Миқдори мақолаҳои илмию тадқиқотӣ ва методиаш, ки дар «Энсиклопедияи советии тоҷик» (ҷилдҳои 1-8), «Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик» (ҷилдҳои 1-3), «Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, «Донишномаи Рӯдакӣ »(ҷилдҳои 1-3), «Энсиклопедияи миллии тоҷик», (ҷилдҳои 1-2), маҷмуаҳои дастҷамъӣ ва маҷаллаву ҳафтаномаҳо ба табъ расидаанд, аз 919 адад бештар аст.

  • Фарҳанги истилоҳоти арӯзи Аҷам. Д., 1991;
  • Қомуси қофия ва арӯзи шеъри Аҷам. Д., ҷ.1, 1994;
  • Таҳқиқ ва таълими арӯз. Д., 1995;
  • Фарҳанги истилоҳоти қофия. Д., 1997;
  • Офтобе дар миёни сояе (ду қисм). Д., 1999;
  • Каломи манзум. Д., 2005;
  • Анвоъ ва авзони шеъри халқии тоҷикӣ. Д., 2007;
  • Роҳе ба сӯйи ғафлат. Д., 2007;
  • Мавлавии Рум хуб бидонад арӯз. Д., 2007;
  • Адабиёти тоҷик (китоби дарсӣ барои синфи 10, ҳамроҳи М. Солеҳов) Д., 2010; *Таърихи адабиёти тоҷик, ҷ.1. (ҳамроҳи М. Солеҳов), Д., 2010;
  • Баёзи адабиёти тоҷик. Теҳрон, 2011 (ҳамроҳи М. Солеҳов;
  • Адабиёти тоҷик (китоби дарсӣ барои синфи 7, ҳамроҳи Мӯсоев М.), Д., 2013;
  • Меъёр ва андозаҳои шеър. Д., 2013.

Ҷоизаҳо

вироиш

Дар бораи Урватуллои Тоир

вироиш
  • Олимони донишгоҳ. Д., 1998, саҳ. 168-169;
  • Профессор Урватулло Тоиров, Д., 2002;
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.3, Д., 2004, саҳ. 210;
  • Шоҳзамон Раҳмонов, Таҳқиқ ва нақд, Д., 2005, саҳ. 168-184;
  • Самандар Искандаров, Бозтоби замон. Д., 2007, саҳ. 71-80;
  • Энсиклопедияи олимони Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон. Д., 2008, саҳ. 308-309.[1]