Усмоналӣ Усмонзода

Усмоналӣ Юнусалӣ Усмонзода (Усмонзода Усмоналӣ Юнусалӣ, тав. 13 сентябри соли 1959) — ходими давлатӣ ва сиёсии тоҷик. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон. Номзади илмҳои техникӣ, дотсент.

Усмоналӣ Усмонзода
Усмоналӣ Юнусалӣ Усмонзода
парчам
Муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 3 ноябри соли 2020
Таваллуд 13 сентябр 1959(1959-09-13) (65 сол)
Таҳсилот
Касб ходими давлатӣ
Ҷоизаҳо Ордени Шараф дараҷаи II (2016), унвони фахрии «Энергетики хизматнишондодаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил»
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Усмоналӣ Юнусалӣ Усмонзода 13 сентябри соли 1959 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, таҳсилот олӣ. Соли 1982 Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро бо ихтисоси муҳандис-барқчӣ ва соли 1988 Аспирантураи Донишкадаи энергетикии шаҳри Москваро хатм кардааст. Номзади илмҳои техникӣ мебошад. Фаъолияти меҳнатиашро моҳи ноябри соли 1982 ба ҳайси муҳандиси кафедраи «Автоматика ва мошинҳои ҳисоббарор»-ии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шурӯъ намуда, баъди хатми Аспирантура, дар давоми солҳои 1989-1996 дар вазифаҳои ассистент, муаллими калон, дотсенти кафедра, муовини декани факултаи энергетикии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон кор кардааст. Солҳои 1997-2001 дар мансаби директори назорати давлатии барқи ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ, муовини директори генералии назорати давлатии барқи Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2001-2003 сардори департаменти сиёсати энергетикии Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2003 муовини директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» фаъолият доштааст.

  • Аз соли 2009 то соли 2013 дар мансаби Директори иҷроияи Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика» кор кардааст.
  • Солҳои 2013-2020 дар мансаби Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намудааст.
  • Солҳои 2014-2020 Ноиби Президенти Шӯрои электроэнергетикии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 ноябри соли 2020 Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.[1]

Мукофот ва ҷоизаҳо

вироиш
  • ордени Шараф дараҷаи II (2012)
  • унвони фахрии «Энергетики хизматнишондодаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» (2016).[2]

Нигаред низ

вироиш
  1. [http://www.president.tj/node/6339 УСМОНЗОДА Усмонали Юнусали Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон](тоҷ.). www.president.tj. 15 Декабри 2023 санҷида шуд.
  2. [http://www.president.tj/node/6339 УСМОНЗОДА Усмонали Юнусали Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон](тоҷ.). www.president.tj. 15 Декабри 2023 санҷида шуд.