Усмония ( тур. Osmaniye) — шаҳраки хурде дар минтақаи таърихии Киликия, маркази вилояти Усмонияи Туркия аст. Шумораи умумии аҳолии шаҳри Усмония ва ноҳияи Усмония 154,000 нафарро ташкил медиҳад. Масоҳат - 974 км².

Усмония
Кишвар  [[|]]
Таърих ва ҷуғрофиё
Масоҳат
  • 3 767 км²
Баландӣ
125 м
Вақти минтақавӣ UTC+03:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ
  • 264 373 тан (2018)
Вебгоҳи расмӣ(тур.)
 Парвандаҳо дар Викианбор
Усмония

Таърих

вироиш

Шаҳр ва атрофи он дар як минтақаи муҳими таърихии Шарқи Наздик ҷойгиранд. Бисёре аз халқҳо ва тамаддунҳои мухталиф дар фарҳанги шаҳр: ҳеттҳо, форсҳо, румиён, юнониҳо, арманиҳо, курдҳо, арабҳо, туркҳо нишонаҳои худро гузоштаанд.

Ҳузури ислом дар ин минтақа бори аввал аз ҷониби Ҳорун Ар-Рашид, Халифаи Хилофати Аббосиён ҷой дода шуд. Дар асри XI, дар натиҷаи ҷангҳои байни давлатҳо, шаҳр аксар вақт аз даст ба даст мегузашт. Пас аз иуҳорибаи назди Манзикерт дар соли 1071 минтақаи Усмонияро туркҳои салҷуқӣ забт карданд ва Византияро тақрибан 20 сол аз ин ҷо ронданд. Дар аввали асри XII, ин минтақа ба ихтиёри Византия баргардонида шуд, то соли 1204, то ҳуҷуми 4-уми салибдорони масеҳӣ ва ғоратгардии Константинопол. Пас аз он шаҳр ба Киликияи Арманистон тааллуқ дошт. Дар асри XVI, шаҳрро туркҳои усмонӣ забт карданд.

Дар нимаи дуюми асри XIX, шаҳр номи муосири хеш - Усманияро гирифтааст.

Пайвандҳо

вироиш