Усмонҷон Тоҷибоев
Усмонҷон Тоҷибоев — рӯзноманигори соҳибқалам, публитсист, ходими адабӣ, сармуҳаррири вақти рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» (1971-1984), Корманди шоистаи ҶШС Тоҷикистон, дорандаи ордени «Байрақи сурхи меҳнат».[1]
Усмонҷон Тоҷибоев | |
Таърихи таваллуд | 30 март 1932 |
Зодгоҳ | Хуҷанд вилояти Ленинобод ҶШС Тоҷикистон |
Таърихи даргузашт | номаълум |
Маҳалли даргузашт | Хуҷанд Вилояти Суғд |
Шаҳрвандӣ | Тоҷикистон |
Ҷоизаҳо |
Корманди шоистаи ҶШС Тоҷикистон, ордени «Парчами Сурхи Меҳнат», медали «Барои меҳнати шуҷоатнок», медали ҷашнии ленинӣ |
Зиндагинома
вироишУсмонҷон Тоҷибоев 20 марти соли 1932 чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Баъди хатми мактаби миёна соли 1950 таҳсилро аввал дар техникуми хоҷагии қишлоқи шаҳри ленинобод, баъдан дар Институти давлатии педагогии шаҳри ленинобод ба номи С.М.Киров идома бахшид. Ҷавони илмҷӯ барои сайқали дониш ва баланд бардоштани маҳорати педагогиаш тӯли панҷ сол ҳамчун агрономи шуъбаи хоҷагии қишлоқи Ворошиловобод фаъолият дошт. Пазируфта шудан ба сифати корманди рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», баъдан ба ҳайси ходими адабӣ, мухбири махсус ӯро ҳидоятгари парвозҳои баланд гардид. Солҳои 1955 – 1962 ҳамчун котиби масъули рӯзнома ва солҳои 1962 – 1964 ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи ноҳиявии ноҳияи Хуҷанд «Бо роҳи Ленинӣ» фаъолият дошт. Солҳои 1964 – 1971 Усмонҷон Тоҷибоев сармуҳаррири рӯзномаи «Бо роҳи ленинӣ» буд. Усмонҷон Тоҷибоев дар идораи рӯзномаи “ҳақиқати Ленинобод” дар вазифаҳои ходими адабӣ, мухбири махсус, котиби масъул (солҳои 1955-1962) кор карда, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи ноҳияи Хуҷанд «Бо роҳи Ленинӣ» (1962-1964), сармуҳаррири рӯзномаи «Бо роҳи Ленинӣ» (солҳои 1964-1971) буд. Усмонҷон Тоҷибоев аз моҳи апрели соли 1971 то рӯзҳои вопасини умр соли 1984 сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “ҳақиқати Ленинобод” буд, ки ин марҳаларо метавон даврони рушду нумӯи журналистикаи вилоят ном бурд. Дар он солҳо зумраи рӯзноманигорони соҳибмалакаву бомаҳорат сабзида расиданд. Бо заҳмату талоши Усмонҷон Тоҷибоев адади рӯзнома аз 37 ҳазори соли 1972 ба 41159 нусха расонида шудааст. Замони сармуҳарририи Усмонҷон Тоҷибоев шумораҳои ҷашнии «Шумораи 10000» ва «Бахшида ба 50-солагии рӯзнома» бо шукӯҳ ва бо касбияти баланд интишор шудаанд. Замони сармуҳарририи Усмонҷон Тоҷибоев шумораҳои ҷашнии «Шумораи 10000» ва «Бахшида ба 50-солагии рӯзнома» бо шукӯҳ ва бо касбияти баланд интишор шудаанд. Соли 1980 барои рӯзномаи «ҳақиқати Ленинобод» соли хотирмону фараҳбахш буд. Бахшида ба ҷашни 50 - солагии рӯзномаи вилоятии «ҳақиқати Ленинобод» 29 январи соли 1980 бо қарори Президиуми Совети Олии СССР бо ордени «Нишони фахрӣ» мукофотонда шуд, ки дар ин ҷода хидматҳои сармуҳаррири он вақт Усмонҷон Точибоев басо назаррас аст.[1]
Мукофот
вироиш- Корманди шоистаи ҶШС Тоҷикистон,
- ордени «Байрақи сурхи меҳнат».
- медали «Барои меҳнати шуҷоатнок»,
- медали ҷашнии ленинӣ
- Ифтихорномаи Президиуми Совети Олии РСС тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Некдошт
вироишБахшида ба 110 – солагии аввалин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои Шариф» ва Рӯзи матбуоти тоҷик дар Кохи матбуоти маркази вилояти Суғд маҳфили гиромидошти рӯзноманигори соҳибқалам, публитсист, ходими адабӣ, сармуҳаррири вақти рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод», Корманди шоистаи ҶШС Тоҷикистон, дорандаи ордени «Байрақи сурхи меҳнат» шодравон Усмонҷон Тоҷибоев таҳти унвони «Соҳибфазилат буду инсоншинос» баргузор гардид.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Дар Суғд аз хидматҳои шоёни публитсист ва собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Ҳақиқати Ленинобод» Усмонҷон Тоҷибоев ёдоварӣ карданд(тоҷ.). www.khovar.tj (10 марти 2022). 10 марти 2022 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 10 марти 2022.