Усмон Холдоров
Усмон Холдоров — доктори илмҳои кишоварзӣ (1986), профессор (1988). Узви вобастаи Академияи илмҳои ҶТ (1987). Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994).[1]
Усмон Холдорович Холдоров | |
Таърихи таваллуд | 1936 |
Таърихи даргузашт | 1996 |
Зиндагинома
вироишУсмон Холдорович Холдоров Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм кардааст (1958)., ихтисос – «рустанишиносӣ». Самтҳои асосии фаъолияти илмӣ: азхудкунии комплексии рустаниҳои сарзамини кӯҳии Тоҷикистон, мевапарварии баландкӯҳӣ, хоҷагии ҷангал. Директори Пойгоҳи тоҷикистонии озмоишгоҳи ҷангали Институти илмию тадқиқотии Осиёи Миёнагии хоҷагии ҷангал (1964-1988). Директори Институти биологии Помири ба номи Х.Ю.Юсуфбекови Академияи илмҳои ҶТ (1988-1996).
Ҷоизаҳо
вироиш- Бо медалҳои «Барои меҳнати шоён. Ба муносибати 100-солагии рӯзи таваллуди В.И.Ленин»,
- «Ветерани меҳнат»,
- Ифтихорномаи Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон тақдир шудааст.
- Арбоби шоистаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1994).
Эзоҳ
вироиш- ↑ Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.Ҳайати шахсӣ. – Душанбе: Дониш, 2011. - 216 с.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |