Устод Аҳмади Лоҳурӣ

(Тағйири масир аз Устод Аҳмад Лоҳурӣ)

Устод Аҳмади Лоҳурӣ (форсӣ: استاد احمد لاهوری‎, 1580, хонигарии Бадахшон — 1649, Ҳиндустон, шоҳигарии Муғул) — меъмори форс-тоҷик, сармеъмори Тоҷмаҳал.

Устод Аҳмади Лоҳурӣ
Иттилооти асосӣ
Мамлакат
Таърихи таваллуд 1580
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1649

Зиндагинома

вироиш

Дар бораи тарроҳи аслӣ ва меъмори бинои Тоҷмаҳал ақволи мухталифе аст ва номҳои Устод Исои Шерозӣ, Устод Аҳмад меъмори Лоҳурӣ ва бародараш устод Ҳамиди Лоҳурӣ ва билохира як нафар венетсиягӣ ба чашм ме‏хурад.

Аммо меъмори Лоҳурӣ ба номи Лутфуллоҳ ибни Аҳмад, ки зоҳиран писари ҳамин устод Аҳмад буда, дар ашъор сохти ин ду бино ва низ Тоҷмаҳалро ба падараш Аҳмади Лоҳурӣ нисбат дода аст[2].