Устоқадам Машрабов

Устоқадам Машрабов (15 апрел 1935, ноҳияи Дӯстӣ30 январ 1984, Душанбе) — овозхон, ширинкор. Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1974).

Устоқадам Машрабов
Таърихи таваллуд 15 апрел 1935(1935-04-15)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 30 январ 1984(1984-01-30) (48 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша(ҳо) овозхон, мазҳакабоз
Ҷоизаҳо

Зиндагинома

вироиш

Омӯзишгоҳи мусиқии шаҳри Душанбе (1956) ва Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистонро соли 1979 ғоибона хатм кардааст. Бештар бо таххаллуси Усто машҳур буд. Фаъолияташ дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон гузаштааст. Дар ҳамкорӣ бо Мастибек Паллаев (Масто) саҳначаҳои ҳаҷвӣ, этюдҳо, интермедияҳо, сурудҳои ҳаҷвӣ замзама менамуданд. Хидматашон дар ривоҷи услуби сарояндагии ҳаҷвӣ ниҳоят калон аст. Симои афроди фориғбол, майпараст, корбезор, олуфтасатанг, мунофиқ, худписанд, дурӯғгӯю оилабезорро бо таронаҳои ҳаҷвӣ мекушоданд. Саҳнаҳои «Эшон Шаҳристон рафтанд», «Муфаттиш», «Мудири анбор», «Тақсими кор», «Аз мо чӣ ҳосил?», «Усто ризо, Масто ризо», «Қалин», «Мода шуд» ва ғайраҳо ҳаводорони зиёд пайдо карданд.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.