«Ушшоқи Содирхон» — сурудест аз силсилаи «Ушшоқ», ки онро ҳофизи тоҷик Содирхон Бобошарифов тасниф кардааст.

«Ушшоқи Содирхон» ба суруди халқӣ-классикии «Шаҳнози Гулёр» монандӣ дошта, авҷаш аз «Ушшоқи Самарқанд» аст. Вале қисми овозиашро нисбат ба дигар сурудҳои ин силсила ба дараҷаи кварта баланд бардошта сар мекунанд. Матни «Ушшоқи Содирхон» ғазали Ҷомист, ки матлаъаш ин аст:

Ба як карашма зулайховаше дили моро,
Чунон рабуд, ки Юсуф дили Зулайхоро.

Содирхон ин «Ушшоқ»-и худро инчунин дар шакли «қашқарча» тасниф кардааст, ки онро «Қашқарчаи Ушшоқи Содирхон» мегӯянд.

Эзоҳ вироиш

Адабиёт вироиш

  • Ушшоқи Содирхон / И. Раҳимов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).