Фазлии Намангонӣ
Фазлии Намангонӣ (қарни 19) — шоир ва таърихнигори тоҷик.
Зиндагинома
вироишФазлии Намангонӣ дар Намангон соҳиби мансабе буд. Баъдтар ба Хӯқанд омада кори эҷодиашро дар дарбори Амирӣ давом дод ва ба дараҷаи маликушшуароӣ расид. Солҳои охири ҳаёташ дар Намангон зистааст. Фазлии Намангонӣ «Шоҳнома» ном асари таърихӣ дорад, ки дар он сафару корнамоиҳои ҳарбии Умархони Амирӣ ва баъзе воқеаҳои замонаашро ба назм даровардааст. Фазлии Намангонӣ ҳамчун намояндаи адабиёти дарбории нимаи аввали асри 19 маълум аст. Девони мукаммали ашъораш дастрас нест. Муҳимтарин асари Фазлии Намангонӣ тазкираи «Маҷмӯъату-ш-шуаро» аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Фазлии Намангонӣ / А. Бобоев // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).