Файзалӣ Аминов (Аминов Файзалӣ Азимович; зод. 15 апрели 1958, деҳаи Элок, ноҳияи Файзобод) — омӯзгор, файласуф, номзади илмҳои фалсафа (2015), дотсент[1].

Файзалӣ Аминов
Таърихи таваллуд 15 апрел 1958(1958-04-15) (66 сол)
Зодгоҳ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои фалсафа[d] (2015)

Зиндагинома

вироиш

Файзалӣ Аминов 15 апрели соли 1958 дар деҳаи Элоки ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст[2]. Солҳои 1975 −1976 дар ҳайати отряди зиддижолаи ноҳияи Орҷоникидзеобод кор кардааст. Соли 1981 факултети таърихи Университети давлатии Тоҷикитонро хатм кард.

Корнома

вироиш

Солҳои 1981 — 1982 ассистенти кафедраи атеизми илмии ҳамин донишгоҳ буд. Солҳои 1982 — 1985 дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон ифои вазифа намудааст. Баъд фаъолияти кориашро дар заводи пахтаи ноҳияи Оҷоникидзеобод идома дод. Солҳои 1988 — 1992 дар рӯзномаи «Меҳнати коммунистӣ»-и ноҳияи Файзобод кор кардааст. Аз соли 1992 муаллим ва баъд муаллими калони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Таълифот

вироиш

Муаллифи воситаи таълимии «Ҷараёнҳои фалсафаи Ғарб», китобҳои «Фалсафа» (Маҷмӯи саволҳои тестӣ, 2009), «Таълимоти Маркс дар ҳикмати дигаргуниҳои замони муосир» (2011), «Фалсафаи ирратсионалӣ: Артур Шопенгаузер, Фридрих Нитсше» (2011), ҳаммуаллифи «Барномаи таълимӣ» (соли 2002 , аз фанни фалсафа) буда, дар таҳияву навиштани «Барномаи таълимӣ»-и нави мутобиқи стандарти ҳозираи муассисаҳои таҳсилоти олӣ (аз фанни фалсафа) саҳм гузоштааст.

Ордену медалҳо

вироиш

Ҳамчун ҷанговари интернатсионалист бо медалҳои «Иштирокчии муҳорибаҳои ҷангӣ», «20-солагии баровардани қӯшунҳо аз Афғонистон» ва ду медали Ҷумҳурии Афғонистон сарфароз гардидааст.

  1. Члены Ученого совета (ru-RU). ТНУ (29 августи 2023). 9 Январ 2024 санҷида шуд.
  2. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. — Д., 2011. СИЭМТ, — 392 саҳ. — ISBN 978-99947-33-48-4