Файзиддин Баротзода
Файзиддин Камолиддин Баротзода (тав. 08.09.1984, д. Саричашмаи н. Ҳамадонӣ) — муаллими забони англисӣ, номзади илмҳои филология (2012). Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014), Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (2017)
Файзиддин Камолиддин Баротзода | |
Таърихи таваллуд | 8 сентябр 1984 (40 сол) |
Зодгоҳ | Ноҳияи Ҳамадонӣ |
Кишвар | Тоҷикистон |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ |
Дараҷаи илмӣ: | номзади илмҳои филология |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ |
Зиндагинома
вироишФайзиддин Баротзода хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ (2006). Солҳои 2006 – 2011 ба ҳайси ассистент дар кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии донишгоҳи мазкур, с. 2008 – 2012 аспиранти шуъбаи ѓоибона, с. 2011 – 2012 омӯзгори калони кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ, 2011 – 2013 муовини декани факултети забони англисӣ оид ба илм, с. 2013 – 2017 мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ ва аз соли 2017 инҷониб ба сифати декани факултети забони англисии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣфаъолият дорад. Бо ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (2016), нишони Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014), Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (2017) сарфароз гардидааст.
Файзиддин Баротзода муаллифи 3 монография, 2 дастур, китобҳои илмӣ-методӣ мебошад.
Осор
вироиш- Земледельческая терминология в таджикском и английском языках. Д., 2011.
- Образование прозвищ и кличек в системе номинативних средств русского и английского языков. Д., 2017.
Ҷоизаҳо
вироиш- Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2014),
- Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (2017)
Пайвандҳо
вироишЭнсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ