Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ

Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ — ҷоизаест барои олимони ҷавон, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд. Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон № 967, аз 20 марти соли 1998 ба шарафи пешвои нахустдавлати тоҷикон Исмоили Сомонӣ таъсис ёфтааст.

Ҳадаф ва таърихи ҷоиза

вироиш

Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ барои таҳқиқоти илмие, ки ба инкишофи илмҳои бунёдӣ, гуманитарӣ, техникӣ, табиатшиносӣ ва тиб мусоидат менамоянд, дода мешавад. Мақсад аз таъсиси Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ дарёфти истеъдодҳои нав, инкишофи имкониятҳои илмии ҷумҳурӣ, оммавигардонӣ ва муаррифии беҳтарин корҳои илмии баанҷомрасида мебошад. Ҳамасола дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ ба миқдори 6 Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ, ҳар кадом ба маблағи 500-каратаи маоши ҳадди ақал аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба олимони ҷавон супорида мешуд. Аз 3 августи 1998 ҷиҳати танзими фаъолият Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон № 301 «Оид ба тасдиқ намудани Низомнома дар бораи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд» ба имзо расид. Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 июни 2006 № 1768 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 марти 1998 № 967 «Дар бораи таъсис ёфтани Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд» ҳар кадом Ҷ. ба маблағи баробар ба 2000 (ду ҳазор) долари ИМА муайян гардидааст. Дар баробари ин Фармон Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон а з 1 а вгусти 2 006 № 3 71 "Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 авгути 1998 № 301 «Оид ба тасдиқ намудани Низомнома дар бораи Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаи илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд» ба имзо расид.

Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ аз ҷониби Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола тариқи озмун ва эълон дар ВАО ташкил карда мешавад. Барои таъмини шаффофият дар кори озмуни ҷоизасупорӣ, ҳамасола комиссия дар ҳайати масъулони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва олимони варзида, намояндагони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода мешавад. Дар баробари дарёфти Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ ҷоизадор имкон дорад, эҷодиёташро дар шакли китоб ва ё дастурҳои илмӣ-методӣ чоп кунад ва онро дар амал татбиқ намояд.

Барандагони ҷоиза

вироиш

То соли 2014-ум 89 олими ҷавон сазовори Ҷоизаи Исмоили Сомонӣ гардидаанд:

  • 1998: Ашӯров С. Б., Бобоев Х. Э., Исоматов М. М., Исупов С. Ҷ., Каримов М. Б., Муминов Ҳ. Ҳ., Мӯсоев С. М., Табаров А. Ҳ., Шамолов А. А.
  • 1999: Муродов А., Назаров Ҳ., Мисҳобиддини Нарзиқул, Раҳимов Ф., Саидов Н., Саидов Р., Эшонов Б.
  • 2000: Бӯриев Э. Б., Ғафуров Ф. Ғ., Наимов А. Н., Нуров Р. М., Фозилов М. М., Хидирова М. У., Холиқов А. Ғ., Элназаров А. А.
  • 2001: Ғаффоров Н. У., Диноршоева З. М., Исломов Ф. С., Муҳиддинов Н. Д., Назаров Ш. К., Саломов М. Қ.
  • 2002: Баротов А. К., Бобоҷонова М. П., Ғаффорова З. А., Ғаюров Ш. К., Назаров К. К., Ҳакимов Ш. Н.
  • 2003: Абдуназаров А. Г., Миралиев С. Р., Низомов С. Ф., Рӯзиев Ҷ. Р., Содиқова Н. Н., Ҳайдаров Ф. Н.
  • 2004: Алиев Х. И., Боева Н. Ҳ., Муртазоқулов Ҷ. С., Нуров Н. Н., Ҳасанов Н. Р., Шарапов Д. С.
  • 2005: Потапов В. В., Неъматова Ш. М., Сайфиддинов А. А., Муҳаммадиев Д. М., Олимов А. Х.
  • 2006: Раҷабов М. Н., Маликова А. Х., Сангов М. М., Ғаниева Н. И., Файзуллоев М. Қ., Солиҳов Д. Н.
  • 2007: Сироҷиддини Э., Ғафуров А. Д., Шаропов Ф. Р., Норова М. Т., Қурбонова М. З., Сангинов А. Б., Саидов Б. И.
  • 2008: Сангов З. Г., Раҳмонов Р. О., Сатторов Н. Р., Юсупов Г. А., Давлатзод У., Абдураҳмонов Н. А., Амонова Ш. Ш.
  • 2009: Бандаев И. С., Ҷабборов А. И., Иброҳимов И. Р., Давлатмуродов Т. М., Бердиев А. Э., Миралиев Қ. А.
  • 2010: Рӯзиев М. М., Қобилов Қ. К., Мирзоабдуғафуров К. И., Мирсаидов И. У., Аҳмадов Б. Р., Маҳмудов И. Т.
  • 2011: Олимова Л. И., Низомов И. М., Қассобов Л. С., Ҷӯраев Б. М., Сафаров Б. А., Бӯриев Н. С.
  • 2012: Ҷанобилова С. М., Пиров Б. С., Амонова А. В., Аминӣ Р. В., Алихонова С., Акобиршоев М. О., Барфиев Қ. Х., Давлатов А. Ҷ., Донахонов И. С., Қурбонов Б. Т., Азимов А. Б., Қудратов М. А., Нусратов Л. М., Абдуллоева С. Ю.
  • 2013: Зайнудинов Б. М., Билолов М. Қ., Уроқов К. З., Раҳимова Ф. А., Одинабеков Ҷ. М., Насриддинов А. С., Ашӯров Н. А., Гадоев С. А., Асроров У. С., Аминов Ф. И., Раҳмонов З. Ф., Давлатов Ф. Ш., Сангинов Д. Ш., Абдухолиқов Н. М., Ғуломова Ф. А., Ҳамидов И. И.
  • 2014: Қурбонова Ф. Х., Қурбонов М. Р., Раҷабов С. И., Равшанов Д. Ч., Қудратов Н. А., Сафизода Қ. И., Хоҷамзода Каюмарс.

Адабиёт

вироиш