Файзуллоҷон Сафаров

Файзуллоҷон Сафаров (Сафаров Файзуллоҷон Гурезович; 16 июли 1986, ҶШС Тоҷикистон) — барномасоз, омӯзгор, номзади илми техникӣ[1].

Файзуллоҷон Сафаров
Сафаров Файзуллоҷон Гурезович
Таърихи таваллуд 16 июл 1986(1986-07-16) (38 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Ёвон, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ барномасозӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои техникӣ
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи нави Русия (2009)

Зиндагинома

вироиш

Файзуллоҷон Сафаров 16 июли соли 1986 дар хонадони тоҷик ба дунё омадааст[2]. Соли 2009 факултети кибернетикаи Донишгоҳи нави Русияро (РосНОУ) хатм намуда, дар соҳаи маориф аз соли 2010 фаъолият дорад.

Дар давоми собиқаи корӣ дар вазифаи мутахассиси пешбари технологияҳои иттилоотӣ, аз он ҷумла, ба ҳайси муовини сардори Технологияҳои иттилоотии компютерии Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон фаъолият намудааст.

Соли 2016 аспирантураи Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии шаҳри Маскавро хатм карда, бо дифои рисолаи илмӣ соҳиби унвони номзади илмҳои техникӣ (it) аст.

Солҳои 2018—2022 мутахассиси пешбари факултаи физикаи Донишгиҳи миллии Тоҷикистон буд. Аз соли 2022 ба ҳайси дотсенти кафедраи технологияҳои иттилоотӣ ва автоматонии Филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотӣ-технологии «МИСИС» дар шаҳри Душанбе фаъолият дорад[3].

Файзуллоҷон Сафаров дар соли 2022 ҷустуҷӯгари миллии «Dodaho»-ро сохт, ки як аналоги ҷусутҷӯгарҳои маъруф, аммо вежагиҳои хос аст[3].