Файзулло Абдуллоев (ҳуқуқшинос)

Файзулло Абдулло́ев (1952, деҳаи Нишорак, ноҳияи Москва) — генерал-майори милитсия. Ҳуқуқшиноси хидматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Файзулло Абдуллоев
Зодрӯз 1952(1952)
Солҳои хидмат 1970 – 1972
Рутба генерал-майор
Ҷоизаҳо
ордени Спитамен (дараҷаи 1)

Зиндагинома вироиш

Хатмкардаи Институти давлатии педагогии Душанбе (1979) ва Мактаби олии милитсияи ВКД ҶТ (1993). Хидмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттифоқи Советӣ (1970 – 72), сафари хидматии дарозмуддат дар Афғонистон (1982 – 84). Солҳои 1984 – 90 ваколатдори фаврии Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ҶТ, 1990 – 92 сарваколатдори фаврии Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ҶТ, 1992 – 93 сардори шуъбаи Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ҶТ, 1993 – 95 муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ҶТ. 1995 – 96 сардори ШКД шаҳри Конибодоми вилояти Суғд, 1996 – 97 муовини сардори Раёсати кофтукови ҷиноятии ВКД ҶТ, 1997 – 2000 сардори ШКД ноҳияи Фрунзеи шаҳри Душанбе, 2000 – 03 сардори ШКД ноҳияи Ленин, 2003 – 05 сардори Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили ВКД ҶТ, 2005 – 06 муовини аввали директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ буд. Аз соли 2006 сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд.

Ордену медалҳо вироиш

Бо ордени Спитамен (дараҷаи 1) ва дигар медалҳо сарфароз гардидааст.

Эзоҳ вироиш

Сарчашма вироиш