Фахруддин Абуабдуллоҳ Муҳаммад ибни Умари Розӣ (ар. فخرالدین الرازی‎; 1150[1][2][3][…], Рай, Салҷуқиён[2]1210[1][2][3][…], Ҳирот, Султанати Ғуриён[4]) — фақеҳ, мутакаллим, файласуф, муфассир, шоир ва ахтаршиноси форс-тоҷик, муаллифи «Тафсири Кабир» ва «Асрору-н-нуҷум».

Фахруддини Розӣ
араб. ар. فخرُ الدين الرازي
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: файласуф, риёзидон, олим, ахтаршинос
Таърихи таваллуд: 1150[1][2][3][…]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1210[1][2][3][…]
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: ислом[5] ва ашъарӣ
Самти фаъолият: илми калом, тафсир[5], фалсафаи исломӣ ва усули фиқҳ[d]
Шогирдон: Аҳмад ибни Халили Хӯйӣ[d] ва Тоҷуддини Урмавӣ[d][6]
Осор:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд: Викигуфтовард
Вироиши Викидода

Зиндагинома

вироиш

Падараш Зиёуддини Умар мутакаллим, сӯфӣ, муҳандис ва хатиби машҳури Рай буд. Розӣ савод ва фиқху усули динро аз наза¬ри худ омӯхта, пас аз вафоти ӯ аз олимони машҳури аср — Камоли Симнонӣ ва Маҷдуддини Ҷелӣ фалсафа ва каломро касб кард. Барои такмили дониш ба Мовароуннаҳр рафта, муддате дар Бухоро зист ва аз он ҷо ба Самарқанд, Хуҷанд ва Банокат омад. Дар Хоразм мураббии фарзанди Алоуддини Текеш — Муҳаммеди Хоразмшоҳ шуд. Розӣ китоби машҳураш «Ҷомеъу-лу-лум»-ро, ки дар бораи зиёда аз 60 соҳаи дониш маълумот медиҳад, бо хоҳиши Алоуддини Текеш навиштааст. Баъ¬ди мусофиратҳо ӯ шаҳри Ҳиротро ҷои истиқомат интихоб кард. Розӣ ҳангоми сафарҳояш бо уламою фузало ва пайравони мазҳабҳои мухталиф — исмоилия, карромия, мӯътазилия ва ғайра мунозира ороста, таъ¬лимоти онҳоро аз назари каломт суннӣ (илоҳиёти раммии ислом) танқид мекард. Ин кори Розӣ адовату нафрати мухолифонро барангехт. Ниҳоят карромиҳо Розиро заҳр дода куштанд. Мероси илмии ин мутафаккир, ки хеле фаровон аст, тамо¬ми соҳаҳои маърифати давраашро дарбар мегирад. Қудрати илмӣ ва мантиқии Розӣ то дараҷае расида буд, ки вай дар «Шарҳи «Ишорот ва танбеҳот», инчунин «Шарҳи «Уюн- ул-ҳикмат»-и Абӯалӣ Ибни Сино, бо вуҷуди мақоми баланди Шайхурраисро эътироф намуданаш, тнвқиди маслаки ӯро пеш гирифта, ба мута¬каллим ва бузургтарин сӯфии ислом — Абӯҳомид Муҳаммади Ғазолӣ пайравӣ кардааст.

Розӣ ҳамин равиши интиқодиро дар дигар китобҳои фалсафию каломиаш «Муҳассили афкору-л-мутақаддимин в-ал-мутааххириг мин-ал-ҳукамо в-ал-мутакаллимин», «Мабоҳис- ул-машриқия», «Мулаххас», «Матолибу-л-олия», «Асосу-т-тақдис», «Таъҷизу-л-фалосифа», «Ниҳояту-л- уқул», «Ар-рисолату-л-камолия фи- л-ҳақоиқ-ил-илоҳия», «Китобу-л-баён в-ал-бурҳон», «Ал-бароҳин дар илми калом», «Китобу-л-мубодису-л-моддия фи-л-матолиб-ил-маодия», «Таҳзибу-д-далоил фиу-юн-нл-масоил». «Ишорату-н-наззор ило латоиф ил- асрор», «Ҷавобату-л-масоил ан-наҷҷория», инчунин рисолаҳои сершумораш давом дода, доир ба аксари масъалаҳое, ки аз назари файласуфони машшоъ мусаллам менамуданд, шакку шубҳаи бисёр баёи кард, ки ин амал боиси ба ӯ лақаби «Имому-л-мушаккик» додан гардид. Розӣ бар хилофи Абӯалии Сино ғояи қадим будани оламро эътироф намекард. Олам, ба ақидаи ӯ, мӯҳдас (офаридашуда) аст ва мӯҳдис (офаранда)-и он худост. Мувофиқи таълимоти Розӣ худо ба олам на бо амри зарурат ё ихтиёр, балки аз рӯи қудрат таъсир мерасонад.

Розӣ ин нуқтаҳоро дар заминаи ақидае дар боби ҷавҳари фард ё ҷузъи тақсимнашаванда (атомизм), ки мутакадлимони пешин ба асоси фалсафии таълимоти расмии ислом табдил дода буданд, исбот кардани мешавад. Ӯ ба атомизм такя карда ақидаи қадиму абадӣ будани модда, ногузирии амали сабабият ва

қонунияти объективии ҳодисаҳои оламро, ки файласуфони машшоъ ҳимоя менамуданд, намепазирад.

Розӣ ҳамчун пайрави фалсафаи ка¬лом ақидаи файласуфони машшоъро дар бораи таносуби моддаю сурат (гилеморфизм) «раъйи заиф» мешуморад. Розӣ масъалаи моддаю суратро бо масъалаи зоту сифат иваз намуда, ҳаюлои ҷисмро зот (субстан¬ция) ва тағйири ҳолатҳои ҷисмро сифат (акциденция)-и ҷисм мешуморад.

Розӣ импконпазирии ҳаракатро aз мавҷудияти макон мебаровард. «Агар ҳаракат мавҷуд бошад,— мегӯяд ӯ,— макон мавҷуд бошад. Ле¬кин ҳаракат мавҷуд аст, пас бояд ки макон мавҷуд бошад».

Дар боби замон Розӣ ба хулосаҳои зиддиятнок омадааст. Агар дар «Мабоҳису-л-машриқия» ӯ мисли файласуфони машшоъ замонро вобаста ба ҳаракҳо эзоҳ дода бошад, дар «Матолибу-л-олия» онро вуҷуди до¬им ва ғанӣ дар зоти худ мешуморад, ки мавҷудияташ ҳаргиз аз ҳастии ҳаракат барнамеояд. Дар «Ар-рисолату-л-камолия фил-ҳақоиқ-ил-илоҳия» бошад, вай мавҷудияти объективии замонро умуман инкор карда менависад: «Замонро ҳеҷ вуҷуд нест. Ва қаблият ва баъдият ва маъийят иқтизои вуҷуди ҳеҷ замон накунад».

Розӣ тарафдори чунин ақида буд, кп «ҷон мавҷудест муҷаррад аз модда, на ҷисм аст ва на ҷисмонӣ (Ал¬бароҳин дар илми калом, соли 294).

Розӣ бар хилофи файласуфони маш¬шоъ назарияи таносухи нафсро тарафдорӣ намуда, ба Афлотун истинод мекунад. Розӣ таҳқиқи нафсро ба илоҳиёт ва вазифаҳои ахлоқи динӣ: исботи охират, ҳашру нашр, таносух, ҷазову сазо тобеъ намудааст.

Дар назарияи маърифат Розӣ ақидаҳои мутазодро баён кардааст. Аз як сӯ, Розӣ исбот мекард, ки «тасаввурот қобили иқтисод нестанд», аммо аз сӯи дигар, ӯ ба маърифати ҳақиқати чизҳо иқрор шуда, донистани сабабҳои ашёро вазифаи маъ-рифат мешуморад. Назарияи маъ¬рифати Абӯалӣ Сино ба присиши инъикос асос меёфт. Розӣ ин принсипро нописандида менависад: «Агар тахайюли чизҳо иқтизои он кунад, ки чизҳо дар қуввати мухайила ҳосил шавад, пас лозим аст, ки чун мо идроки хатти мустақим кунем, ки мо мустақим бошем ва чун ид¬роки мустадир кунем, мустадир бо¬шем. Ва агар идроки ҳар ду кунем, дар як вақт бояд, ки мо дам мустақим ва ҳам мустадир бошем…» («Ар-рисолату-л-камолия», с. 111).

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Encyclopædia Universalis (фр.)Encyclopædia Britannica, 1968.
  2. 2.0 2.1 2.2 2.3 2.4 2.5 Haywood J. A. Encyclopædia Britannica (ингл.)
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 Internet Philosophy Ontology project (ингл.)
  4. 4.0 4.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  5. 5.0 5.1 Arnaldez R. Fakhr al-Dîn al-Râzî: commentateur du Coran et philosophe (фр.)Librairie philosophique J. Vrin, 2002.
  6. سير أعلام النبلاء: الأرمويIslam Web.

Адабиёт

вироиш

Розӣ Фахруддин / И. A. Қулматов // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).