Фариди Котиб
Фариди Котиб (форсӣ: فریدالدین کاتب; ? — қарни XII) — шоири қасидасаро ва зарофатгӯи форс-тоҷики даврони Салҷуқиён.
Зиндагинома
вироишДар шеър шогирди Анварӣ будааст. Аз осораш қасоиди мадҳия, як тарҷеъбанд (23 байт дар «Лубоб-ул-албоб»-и Авфӣ) ва якчанд шеъру қитъаҳои дигар дар тазкираҳо омадааст. Вай ба мавзӯъҳои панду ахлоқ, тарғиби адолатпарварӣ, ишқу ошиқи ва ғайра дахл кардааст. Ин абёт аз ӯст:
Гуфтам бад-он нигор, ки: «Хуршеди анварӣ».
Гуфто: «Зи вай накӯтарам, ар нек бингарй».
Гуфтам: «Маҳи чаҳордаҳӣ ба сипеҳри ҳусн».
Гуфто: «Маҳи марост ҳазор аз ту муштарӣ».
Гуфтам: «Ба бандагии ту иқрор мекунам».
Гуфто: «Чу ту басест кунунам ба чокарӣ».
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Фариди Котиб / С. Имронов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).