Фароловӣ
Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Мӯсо Фароловӣ — шоири форс-тоҷик (асри X).
Муҳаммад ибни Мусо | |
Таърихи таваллуд: | асри X |
Навъи фаъолият: | шоир |
Зиндагинома
вироишДар бораи айёми ҷавонӣ, рӯзгор ва таҳсилоти ӯ дар сарчашмаҳои адабӣ маълумот кам аст. Абуабдуллоҳи Фароловӣ шоири тавоно ва шуҳратманди аҳди Сомониён буд. Рӯдакӣ дар як байташ Абуабдуллоҳи Фароловиро ном бурдааст:
- Шоир Шаҳиду шӯҳра Фароловӣ
- В-ин дигар ба ҷумла ҳама ровӣ.
Бино ба маълумоти сарчашмаҳо Абуабдуллоҳи Фароловӣ соҳиби девони ашъор, маснавие дар баҳри хафиф будааст. Вале аз эҷодиёти ӯ то замони мо абёти пароканда аз қасоиду ғазалҳо боқӣ мондаанд. Шоир бутон – маъшуқаҳоро васф кардааст. Ба масъалаҳои панду ахлоқӣ, иҷтимоӣ рӯй овардааст. Дар ашъораш калимаҳову ибораҳои халқии марбути хоҷагиву барзгарӣ ва ғайра вомехӯранд. Абёти зерин аз ӯст:
- На ҳамчун рухи хубат гули баҳор,
- На чун ту ба некӯӣ бути татор.
- Ё ба ғарбела ҳамчу барзгаре,
- Дона аз каҳ ба чак бисозӣ соф.
- Раво набвад, ки бо ин фазлу дониш,
- Бувад шурбам ҳаме доим зи мундӣ.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. - Д., 2007.
Сарчашма
вироиш- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.