Фаррух Маҳмадов
Фаррух Исроилович Маҳмадов (28.05.1974, н. Ҳамадонӣ), доктори илми тиб (2010).
Фаррух Маҳмадов | |
Таърихи таваллуд | 28 май 1974 (50 сол) |
Зодгоҳ | ноҳияи Ҳамадонӣ, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | тиб |
Ҷойҳои кор | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои тиб |
Унвонҳои илмӣ | профессор |
Алма-матер | Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино |
Зиндагинома
вироишФаррух Исроилович Маҳмадов хатмкардаи факултаи муолиҷаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1997). Духтур-интерни Институти такмили ихтисоси кормандони тибби Тоҷикистон (1997-1998), мудири кабинети корҳои ташкилию методӣ, ҳамзамон ҷарроҳ (1998-2003), мудири шуъбаи 2-юм (2003-2006), ҷонишини сардухтур оид ба табобати Беморхонаи клиникии шаҳрии ёрии таъҷилӣ (2006-2009) буд. Аз 2009 вазифаи дотсенти кафедраи бемориҳои ҷарроҳиталаби № 1 Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Синоро иҷро намудааст.
Фаъолияти илмӣ
вироишМуаллифи зиёда аз сад асару мақолаи илмӣ, 14 навоварист, оид ба масъалаҳои ташхиси бармаҳали эхинококкоз, такмили усули коркарди ҷавфи эхинококкии ҷигар ва роҳҳои беҳтар намудани натиҷаҳои ҷарроҳии эхинококкози оризаноки ҷигар пажӯҳишҳои назаррас анҷом додааст. Дар бисёр конфронсу семинарҳои байналмилалӣ иштирок ва маърӯза кардааст.
Осор
вироиш- Пути улучшения результатов хирургического лечения осложненного эхинококкоза печени: Дисс...доктора мед. наук. – Д., 2010.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Арбобони илми тоҷик (асри ХХ-аввали асри ХХI) / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. – Душанбе, 2017. – С. 328.