Фаррух Рӯзиматов
Фаррух Рӯзиматов (Рузиматов Фаррух Саъдуллоевич; зод. 26 июни 1963, Тошканд, ҶШС Узбакистон, ИҶШС) — ҳунарманди балет, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1988); Ҷоизадори «Ниқоби тилоӣ» (1998), Ҳунарпешаи мардумии Русия (2000). Роҳбари Театри калони ба номи Алишер Навоӣ, дар Ӯзбекистон.
Таърихи таваллуд: | 26 июн 1963[1] (61 сол) |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Шаҳрвандӣ: | |
Касб: | хореограф, ҳунарпешаи балет |
Ҷоизаҳо: | |
mikhailovsky.ru | |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Зиндагинома
вироишСоли 1981 Омӯзишгоҳи хореографии шаҳри Ленинградро ба поин овар¬да, дар Театри опера ва балети ба номи С. Кирови шаҳри Ленинград фаъолият намудааст. Нақши аввалинро дар балети «Асият» бомуваффақият иҷро кард ва ба зудӣ дар радифи артистони пешбари ин театр қарор гирифт. Минбаъд дар «Паҳлавони палангинапӯш», «Баядерка», «Кӯли муғон», «Нозанини хуфта», «Шопениана», «Шаҳрзода», «Кармен», «Ҷавон ва марг», «Жизел», «Дон Кихот» барин балетҳо ҳунар озмуда, писанди умум афтод. Солҳои 2007—2009 роҳбари бадеии Театри Михайлови Санкт-Петербург буд. Дар саҳнаи бузургтарин театрҳои ҷаҳон ҳунарнамоӣ кардааст. Номаш дар лоиҳаи «Ситораҳои балети қарни ХХ» сабт ёфтааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |