«Фарҳанги Нафисӣ» ва ё «Фарнудсор», таълифи Алиакбари Нафисӣ — фарҳанги тафсириест, ки солҳои 1899—1924 таълиф гардида, 158431 моддаи луғавиро дар бар мегирад, ки аз он 58879-тоаш форсӣ ва 99552-тоаш арабист. Дар фарҳанг калимаҳои туркӣ ва аврупоӣ, ки ба забони форсӣ гузаштаанд, низ тафсир ёфтаанд. Барои он ки талаффуз фаҳмо бошад, дар ҳар як сарвожаи моддаи луғавӣ овонавишти лотинии он ҳам сабт шудааст. Пас аз тафсири маънои калимаҳо таркибҳо ва ибораҳои фразеологии онҳо дар ҳамон моддаи луғавӣ шарҳ меёбанд. Муаллиф дар тафсир ба тобишҳои маъноии калима ва гунаҳои он диққат додааст. «Фарҳанги Нафисӣ» дар 5 ҷилд бори аввал солҳои 1938—1955 дар Теҳрон ба табъ расид.[1]

  1. Алиакбари Нафисӣ, Фарҳанги Нафисӣ, дар панҷ ҷилд. — Теҳрон, 1964; Энсиклопедияи советии тоҷик, -Душанбе, 1983, ҷилди 7. — С. 537.

Пайвандҳо

вироиш