Фарҳанги забони тоҷикӣ
«Фарҳанги забони тоҷикӣ» (форсӣ: فرهنگ زبان تاجیکی) (аз асри X то ибтидои асри XX) — фарҳангномаест ба забони форсии тоҷикӣ, ки соли 1969 ба табъ расидааст.
форсӣ: فرهنگ زبان تاجیکی | |
Муаллиф: | Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ |
Жанр: | фарҳанг, луғатнома |
Забони асл: | тоҷикӣ, форсӣ |
Нашри аслӣ: | 13 ноябри соли 1957 |
Ношир: | «Энсиклопедияи Советӣ» |
Нашр: | 10 ноябри соли 1969 |
Расона: | китоб |
Ин фарҳанг аз ду ҷилд (мутобиқи алифбои имрӯзаи тоҷикӣ, ҷилди 1: А — О, ҷилди 2: П — Ҷ.) иборат буда, тақрибан 45 ҳазор калима ва ибораро дар бар мегирад.
Сохтори фарҳанг
вироишДар «Муқаддима»-и «Фарҳанги забони тоҷикӣ» оид ба таърих ва инкишофи лексикографияи тоҷик аз садаи X то садаи XX, принсипҳои кори мураттибони « Фарҳанги забони тоҷикӣ », сарчашмаҳои адабӣ ва луғавии он маълумоти умумӣ оварда шудааст. Дар паҳлӯи калимаҳои тафсиршаванда навишти онҳо ба алифбои арабиасоси тоҷикӣ, дар охири ҷилди 2 «Мифтоҳи калимаҳои фарҳанг ба алифбои арабии тоҷикӣ» омадааст. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» лексикаи маъмули ҳамаи давраҳои асосии инкишофи забони адабии тоҷик аз садаи X то ибтидои садаи XX акс ёфтааст.
«Фарҳанги забони тоҷикӣ» дар асоси сарчашмаҳои зиёди адабӣ мураттаб гардида, дар он барои шарҳи калимаҳо аз эҷодиёти шоирону насрнависони форс-тоҷик мисолҳо оварда шудаанд. Дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» то андозае лексикаи асарҳои илмӣ (асари, «Донишнома»-и Абӯалии Сино), истилоҳоти табиатшиносӣ, фалсафа, адабиётшиносӣ (масалан, аз «Тарҷумон-ул-балоғат»-и Родуёнӣ ва ғайра) инъикос гардидааст. «Фарҳанги забони тоҷикӣ» барои омӯхтани забону адабиёти классикии форс-тоҷик, тадқиқи таърихи забон, услуб, лексикология ва дигар соҳаҳои забоншиносиву адабиётшиносӣ сарчашмаи муҳим мебошад.
Таърих
вироишСоли 1958 таҳияи ин фарҳанг дар нақшаи корҳои илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ дохил карда шуд ва баъд аз ин кори ҷиддӣ барои сохтани ин луғат оғоз гардид. Баъди тахминан 10 сол (1969) ҳосили меҳнати ҳайати калони вожашиносон ва олимони соҳаҳои забон ва адабиёт бо номи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» дар ду ҷилд зери таҳрири М. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ рӯи чопро дид.
Ин нахустин фарҳанге буд, ки дар қарни XX нашр шуда, вожагони забони тоҷикиро (албатта дар ҳудуди имконоти ин ду ҷилд) аз асри X то ибтидои садаи ХХ дар бар мегирифт. Дар таҳияи ин луғат фарҳангҳои маъруф ва серистеъмоли забони тоҷикӣ, чун «Бурҳони қотеъ», «Ғиёсуллуғот» ва мисли инҳо истифода шуда, маводи фаровон ва мисолу иқтибосоти зиёд аз осори шоиру нависандагони классикӣ дар он ҷой дода шудааст.
«Фарҳанги забони тоҷикӣ» 13 ноябри соли 1957 ба нашр супориданд ва 10 ноябри соли 1969 ба чоп кардан иҷозат шуд. Ҳамагӣ 33000 нусха. Нархаш 4 рублу 27 коппейки шуравӣ буд. Нашри «Энсиклопедияи Советӣ» шаҳри Маскав.
Қайд кардан бамаврид аст, ки ҳамин «Фарҳанги забони тоҷикӣ» бо баргардон аз хати кириллӣ ба форсӣ ва бо баъзе шарҳҳои Мӯҳсини Шуҷоӣ аз тарафи муассисаи «Фарҳанги муосир»-и Эрон дар 2 ҷилд (Теҳрон, 2006) таҳти унвони "فرهنگ فارسی تاجیکی" (Фарҳанги форсии тоҷикӣ) ба табъ расид[1].
Фарҳанги бархат дар Вожаҷӯ
вироишСар аз моҳи июли 2018 гурӯҳи кории «Вожаҷӯ» ба воридсозии вожаҳо ва ибороти дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» буда шурӯъ карданд ва ин кор моҳи марти соли 2019 ба анҷом расид. Ҳоло кулли мазмуни «Фарҳанги забони тоҷикӣ» дар вебгоҳи Вожаҷӯ дастраси мардум аст[2].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ. 1 А — Н (нашри дувум)./Зери таҳрири С. Назарзода, А. Сангинов, С. Каримов, М. Ҳ. Султон. — Душанбе 2010, — c. 8 ISBN 978-99947-69-39-1
- ↑ Дар бораи мо(тоҷ.). vazhaju.com. Вожаҷӯ. 6 апрели 2019 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Фарҳанги забони тоҷикӣ (аз асри X то ибтидои асри XX). Иборат аз ду ҷилд. Тақрибан 45 000 калима ва ибора бо иловаи мифтоҳи арабӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969.
- Турсунов А., Муште аз хирвори ҳазорсола, «Садои Шарқ» 1971, № 4;
- Забони адабии ҳозираи тоҷик. Лексикология, фонетика ва морфология, қисми 1, Д., 1973.