Фасеҳи Хофӣ
Фасеҳи Хофӣ (форсӣ: فصیح خوافی), Аҳмад ибни Ҷалолуддин Муҳаммад (форсӣ: احمد بن جلالالدین محمد; 28 сентябр 1375, Хоф, устони Хуросони Разавӣ — 1442, Ҳирот) — таърихнигор, тазкиранигор ва шоири форс-тоҷик, муаллифи «Муҷмали Фасеҳӣ».
Таърихи таваллуд: | 28 сентябр 1375 |
---|---|
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1442 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | муаррих |
Эвод
вироишФасеҳии Xофӣ ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ шеър гуфтааст. Абёти парокандаи ӯ дар тазкираҳо ва дар асари таърихиаш «Муҷмали Фасеҳӣ» (таълифаш 1446/47) дарҷ гардидаанд.
«Муҷмали Фасеҳӣ» таърихномаест иборат аз муқаддима, ду мақола ва хотима. Дар муқаддима таърихи олам аз давраи хилқати Одам то замони Муҳаммад, инчунин таърихи чаҳор хонадони Эрони Қадим — Пешдодиён, Каёниён, Ашкониён — Мулукуттавоиф, Сосониён баён шудааст. Дар мақолаи аввал аз валодати пайғамбар то ҳиҷрати ӯ ба Мадина сухан меравад. Мақолаи сонӣ муфассалтарин қисми китоб буда, вақоеи аз ибтидои санаи ҳиҷрӣ то 845 (мутобиқи 1441/42 мелодӣ) рӯйдодаро дар бар мегирад. Ин асар ба забони содда ва равон навишта шудааст
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Фасеҳии Хофӣ // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).