Фасеҳуддини Ҳиравӣ
Фасеҳии Ансории Ҳиравӣ (форсӣ: فصیحالدین انصاری هروی; Бухоро ё Хонигарии Бухоро[d] — 1639, Ҳирот ё Сафавиён) — шоири форс-тоҷик.
форсӣ: فصیحالدین هروی | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | форсӣ: فصیحالدین بن ابوالمکارم بن میرجان انصاری هروی |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт: | 1639 |
Маҳалли даргузашт: | |
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | шоир |
Забони осор: | форсӣ |
Зиндагинома
вироишДар Ҳирот ба дунё омада, касби камол кардааст. Бо шоирони ҳамзамонаш Ҳаким Шифоӣ ва Мирзо Ҷалоли Асир дӯстӣ ва мушоират доштааст. Нозими Ҳиротӣ ашъори ӯро пайравӣ кардааст.
Намунаҳои ашъораш (ғазал, қитъа ва рубоиҳо) дар тазкираҳои гуногун — «Тазкирату-ш-шуаро»-и Мутрибӣ, «Нигористони сухан», «Шамъи анҷуман», «Рӯзи равшан» ва ғайра омадаанд.
Фасеҳии Аансории Ҳиравӣ сарояндаи ишқу мухаббат, тарғибгари дӯстию рафоқат, инсондӯстӣ ва ғайра мебошад. Дар ашъори ӯ нишонаҳои сабки ҳиндӣ ба назар мерасанд. Ин абёт аз ӯст:
Гар лаззати доғи ҷигар ин аст, Фасеҳӣ,
Афсӯс, ки дар ҳар сари мӯям ҷигаре нест.
Олам зи мо тиҳиву зи афғони мо пураст,
Шуд андалеб хоку чаман аз наво пураст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Фасеҳии Ансории Ҳиравӣ / У. Каримов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).