Фатҳободдеҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 29 км. Аҳолиаш 2926 нафар (2010), тоҷикон. Аз 328 хоҷагӣ иборат аст. Дар сари роҳи Файзобод - Роғун воқеъ гардидааст. Деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонаи саломатӣ, 6 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 6 мағоза, 2 чойхонаи ҷамъиятӣ ва масҷиди ҷомеъ дорад. Мардуми деҳа ба боғдорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ, картошкапарварӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳои кӯҳӣ ва дарёи Харкуш обёрӣ мешаванд.[1]

Деҳаи Фатҳобод
Кишвар Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи марказ
Ноҳия Файзобод
Ҷамоат Деҳоти Мискинобод
Аҳолӣ 2926 нафар (2010), тоҷикон
Хоҷагӣ 328
  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.