Фатҳуллоҳ ибни Котиби Шерозӣ, мутахаллис ба Орифӣ (форсӣ: عارفی‎; ? — 1562) — шоир ва таърихнигори форс-тоҷик дар замони Усмониён.

Фатҳуллоҳ Орифӣ
Таърихи даргузашт: на пештар аз 1563 и на дертар аз 1564
Навъи фаъолият: шоир, муаррих

Зиндагинома

вироиш

Асарҳояшро ба забонҳои форсӣ ва туркӣ эҷод карда­аст. Шоҳномачии (шахсе, ки таърихи манзуми ҳукмронии султонҳои Туркияи усмониро менавишт. Султони Туркия Сулаймони I (ҳукмронии 1520—1566) буд.

Ба қалами ӯ таърихҳои манзум дар шакли маснавӣ — «Таворихи оли Усмон» (ба забони форсӣ, 16000 байт), «Шоҳномаи Сулаймонӣ» (ба забони форсӣ 22 000 байт) тааллуқ доранд.

Орифӣ таълифи таърихи мансури султонҳои усмониро бо номи «Ҳунарнома» cap карда буд. Ин кори ӯро минбаъд муаррихон Афлотуни Шервонӣ мутахаллис ба «Асирӣ» ва Сайид Луқмони Ҳусайнӣ идома доданд. Дастнависи асарҳои Орифӣ дар китобхонаҳои Туркия маҳфузанд. Орифӣ рассом ва хаттот низ буд.

Адабиёт

вироиш