Фатҳулло Абдуллоев

Фатҳулло Абдуллоев – олим, кимиёшиноси тоҷик, номзади илмҳои кимиё (1971), дотсент (1974).

Фатҳулло Абдуллоев
Фатҳулло Абдуллоев
Таърихи таваллуд 20 декабр 1937(1937-12-20) (86 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Истаравшан, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои химия
Унвонҳои илмӣ дотсент
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Ҷоизаҳо Ордени Шараф дараҷаи II (2002), «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Медали биринҷии комёбиҳои хоҷагии халқи СССР» (1986)

Зиндагинома

вироиш

Солҳои 1955–1958 муаллими мактаби 8-солаи ноҳияи Ӯротеппа буд. Солҳои 1958–1963 дар факултети табиатшиносию географияи ДДОД ба номи Т. Шевченко таҳсил кардааст. Солҳои 1963–1965 лаборанти калони кафедраи химияи умумӣ, 1965–1968 аспирант, 1968–1981 муаллими калони кафедраи химияи органикӣ, 1981–1989 дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ, 1989–1991 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанбе ба номи Т.Г. Шевченко буд. Солҳои 1991–1998 ҳамчун дотсенти кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Аз соли 1998 то ба имрӯз мудири кафедраи химияи органикӣ ва биологии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад.

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Муаллифи якчанд асару мақолаҳои илмӣ ва илмию методӣ аст. Оид ба синтези эфирҳои алкоксиметилии кетоспиртҳо» (β ва γ кетоспиртҳо) корҳои илмӣ бурдааст. Соҳиби 2 ихтироот (1969) мебошад..

  • Экспериментҳои мустақилона аз химияи органикӣ барои мактабҳои ҳамагонӣ, Д., 1982;
  • Лабораторные работы по органическому синтезу (Дастури методӣ), Д., 1987;
  • Машғулияти амалӣ аз химияи органикӣ (Китоби дарсӣ), Д., 2010.

Мукофот

вироиш

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ