Фахруддини Гургонӣ

(Тағйири масир аз Фахриддин Гургонӣ)

Фахруддин Асъади Гургонӣ (форсӣ: فخرالدين اسعد گرگاني‎) — яке аз достонсароёни намоёни форсу-тоҷик буда, дар асри XI умр ба сар бурдааст. Соли тавалуди шоир маълум нест. Аз мукаддимаи достони «Вис ва Ромин» бармеояд, ки ӯ аз солҳои 10371063 зиндагӣ кардааст. Аз эҷодиёти шоир ғайр аз маснавии «Аис ва роман» чизе дигаре то ба даврии мо омада нарасидаас. Тахмин меравад, ки шоир пас аз солҳои 1063 мелоди {455-ҳиҷрӣ}вафот кардааст.

Фахруддини Гургонӣ
Таърихи таваллуд: асри XI[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 1054
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форсӣ[1]

Зиндагинома

вироиш

Фахриддин Асъади Гургонӣ шоири достонсарои асри XI тоҷику форс буда, ҷараёни зиндагии ӯ ба аҳди ҳукмронии асосгузори сулолаи Салҷуқиён Туғралбек (1040—1063) рост меояд. Дар бораи ҳаёти ӯ маълумоти дигаре боқӣ намондааст. Аз мутолиаи достони «Вис ва Ромин» ва қитъае, ки муаллифи «Лубобулалбоб» меоварад, маълум мешавад, ки Фаҳриддини Гургонӣ илмҳои замони худро ба хубӣ аз бар намуда, дар намудҳои гуногуни шеър қувваозмоӣ карда будааст. Аммо аз мероси адабии ӯ фақат достони «Вис ва Ромин» пурра то замони мо омада расидааст.

Соли таълифи достони «Вис ва Ромин» маълум нест. Вале дар бораи муайян намудани ин масъала баъзе фикру ақидаҳо баён шудаанд. Тамоми фикрҳои баёншуда дар асоси таърихи таърихии аз тарафи султон Туғралбек забт карда шудани Исфаҳон (1042) ба вуҷуд омадаанд. Бинобар ин аксари тадқиқоткунандагон дар ҳудуди солҳои (1042—1063) навишта шудани «Вис ва Ромин»-ро қайд мекунанд. Баъдтар хоҳем дид, ки Фахриддини Гургонӣ батафсил дар бораи фатҳ карда шудани Исфаҳон ва пас аз ду моҳ баромада ба ҷониби Кӯҳистону Ҳамадон рафтани Туғралбек таваққуф карда, илова бар ин, бо коре маҳз дар зимистони он сол (1042) дар Исфаҳон мондани худро нақл карда, сабаби назми китобро пурра баён менамояд Инчунин дар хотимаи маснави аз лутфу меҳрубониҳои Абулфатҳ ёдовари мекунад. Аз ин рӯ соли таълифи достони «Вис ва Ромин»-ро охири 1042 ва аввали 1043 шуморем, аз ҳақиқат дур нест.

Аз эҷодиёти шоир ғайр аз маснавии «Вис ва Ромин» чизи дигаре то давраи мо омада нарасидааст. Тахмин меравад, ки шоир пас аз солҳои 1063 вафот кардааст.

Вис ва Ромин

вироиш

«Вис ва Ромин» достони пешазисломии форсу тоҷик буда, бо забони паҳлавӣ вуҷуд дошт, ки Фахриддини Гургонӣ дар соли 1054 ба риштаи назм даровард. Мегӯянд, ки ба эҷод намудани ин достони романтикӣ-ишқӣ Абдулфатҳ музаффар (ҳокими Исфаҳон) сабабгор шудааст. Мундариҷаи мухтасари достон чунин аст:

Шоҳаншоҳи Марв — Мубад ба Шаҳрӯ ном зани нозанине ошиқ мешавад ва ӯро ба занӣ гирифтанӣ мешавад. Аммо Шаҳрӯ шавҳар ва Виру ном писар дошт, аз ин рӯ ба шоҳ аҳд мебандад, ки агар духтаре ёбад, ӯро ба шоҳ ба занӣ медиҳад.

Шаҳрӯ духтардор мешавад ва номи ӯро Вис мегузоранд. Барои тарбия Висро ба доя месупоранд. Ромин ном писарбачае низ дар дасти ҳамин доя тарбия меёфт. Баъди он ки Вис ба воя мерасад, доя аз Шаҳрӯ хоҳиш мекунад, ки духтари қадрасро гирифта барад. Шаҳру Висро ба бародараш Виру ба шавҳар доданӣ мешавад, ки аз ин Мӯбад огоҳ шуда, аҳдро ёдовар мешавад. Модар фирефтаи боигарии шоҳ гардида Висро ба шоҳ доданӣ мешавад. Ромин, ки ошиқи дилбохтаи Вис буд, ишқи худро изҳор карда, Висро моили худ месозад. Вис ва Ромин бо ҳам ишқварзӣ мекунанд, ки аз ин шоҳ огоҳ гашта, роҳи нобуд сохтани ҷавононро меҷӯяд. Онҳо аз шаҳр мегурезанд. Вале аз байн чандин воқеаҳо мегузарад ва ниҳоят шоҳ Висро ба занӣ мегирад. Вис пинҳонӣ бо Ромин мулоқот мекунад ва аз манзили шоҳ мегурезад. Дар шикоргоҳ Мубадаз ҳуҷуми хуки ваҳшӣ кушта мешавад. Ниҳоят дилдодагон ба муроди хеш мерасанд ва Ромин шоҳи Марв мегардад. Пас аз вафоти Вис Ромин тахти шоҳиро ба фарзандонаш гузошта худ ба оташгоҳ меравад ва умрашро дар ибодат мегузаронад.

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.