Фахрии Ҳиравӣ
(Тағйири масир аз Фахрии Ҳиротӣ)
Султон Муҳаммад ибни Амирии Фахрии Ҳиравӣ (форсӣ: سلطان محمد بن امیری فخری هروی; ? — 1562/63) — шоир, адабиётшинос ва тазкиранависи форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишБештар дар Ҳирот зиндагӣ ва эҷод мекард. Аз Фахрии Ҳиравӣ асарҳои зерин боқӣ мондаанд:
- «Латоифнома» (1521—1522) — тарҷумаи фороии «Маҷолису-н-нафоис»-и Навоӣ буда, як боби илова дорад, ки шарҳи ҳол ва намунаи ашъори 189 нафар шоири дар «Маҷолису-н-нафоис» зикр нашударо дар бар мегирад. Соли 1945 дар Эрон ба табъ расидааст.
- «Туҳфату-л-ҳабиб».
- «Ҷавоҳиру-л-аҷоиб».
- «Равзату-с-салотин».
Як асари Фахрии Ҳиравӣ «Саноеъу-л-ҳасан» аз илми бадеъ, қофия ва арӯз баҳс мекунад. Мавзӯи баҳси асари дигари ӯ «Ҳафт кишвар» рӯйдодҳои таърихӣ, афсонаю асотир ва масъалаҳои гуногуни ахлоқист. Фахрии Ҳиравӣ дар ҳаҷми 5000 байт девоне низ мураттаб сохтааст, ки як нусхаи он дар Ганҷинаи дастнависҳои шарқии АМИТ маҳфуз аст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Фахрии Ҳиравӣ / С. Имронов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).