Муҳаммад Фаҳим Даштӣ (форсӣ: محمد فهیم دشتی‎; январи 1973, деҳаи Даштак, Панҷшер, Афғонистон — 5 сентябри 2021, ҳамон ҷо) — рӯзноманигор, сиёсатмадор ва таҳлилгари сиёсӣ аз Афғонистон, сухангӯи Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон.

Фаҳим Даштӣ
форсӣ: مُحمَّد فهیم دشتی
Таърихи таваллуд: 1973
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 5 сентябр 2021(2021-09-05)[1]
Маҳалли даргузашт:
Шаҳрвандӣ:
Ҳизб:
Навъи фаъолият: сиёсатмадор, рӯзноманигор, таҳлилгари сиёсӣ
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Муҳаммад Фаҳим Даштӣ моҳи январи соли 1972 дар деҳаи Даштаки вилояти Панҷшер дар хонаводаи генерал Қосим — рушанфикр ва мутаххасиси роҳсоз ба дунё омадааст[2]. Вай хоҳарзодаи сиёсатмадори аҳли Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ аст[3]. Маълумоти миёнаро дар литсейи «Истиқлол»-и Кобул гирифта, дар соли 1991 ба факултаи ҳуқуқ ва улуми сиёсии Донишгоҳи Кобул дохил шуд[2].

Соли 1992 дар Кобул ҳукумати Бурҳониддини Раббонӣ ба қудрат расид. Аҳмадшоҳи Масъуд, Қаҳрамони миллии Афғонистон, як нашрияеро ба номи «Ҳафтаномаи Кобул» бунёд гузошт ва Раззоқи Маъмунро сармуҳаррири он таъйин кард. Фаҳим Даштӣ ба унвони хабарнигор дар ин ҳафтанома фаъолияти рӯзноманигориашро шурӯъ намуд.

Солҳои 1996—2001 Даштӣ ба «Ориёно филм» пайваст, ки аз сӯи Аҳмадшоҳи Масъуд ташкил шуда буд ва ба сатбу таҳияи филмҳои мустанаде перомуни авзоъи Афғонистон мепардохт.

Фаҳим Даштӣ дастёри наздики хонаводаи раҳбари Иттиҳоди шимолӣ Аҳмадшоҳи Масъуд буд. Ӯ бо Масъуд буд, ки дар 9 сентябри 2001 дар асари як бумбагузории интиҳорӣ, Аҳмадшоҳи Масъуд, кушта шуд[4][5].

Баъд аз марги Аҳмадшоҳи Масъуд, Фаҳими Даштӣ дар Фаронса тарҳи оғози дубораи кори ҳафтаномаи «Кобул»-ро рехт ва бо ҳамкории созмони «Рӯзноманигорони бидуни марз» ва созмони илмиву фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) будҷаи аввалияро ба даст овард. Ҳамин тавр, аз соли 2002 то баҳори 2011 Даштӣ мудирияти масъули «Ҳафтаномаи Кобул»-ро бар дӯш дошт, то ин ки касе майл ба сармоягузорӣ накард ва кораш қатъ шуд[2].

Аз соли 2018, ки Аҳмади Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, ба фаъолиятҳои сиёсӣ оғоз кард, Даштӣ раиси дастгоҳи дафтари сиёсии ӯ буд.

Дар соли 2021, пас аз тасоҳуби Афғонистон тавассути Толибон, Фаҳим Даштӣ ба унвони як сухангӯ ба Ҷабҳаи муқовамати миллии Афғонистон пайваст[4][6]. Ӯ яке аз манобеъи аслии иттилоъот дар дараи Панҷшер буд, ки Толибон бар он фишор оварданд ва баёнияҳоеро дар Твиттер мунташир карданд[7].

Кушта шудан

вироиш

Дар таърихи 4[8] ё 5 сентябри 2021, Фаҳим Даштӣ дар ҷараёни ҳамлаи Толибон ба Панҷшер дар набард кушта шуд. Марги ӯ тавассути дӯсташ Нур Раҳмон Ахлоқӣ дар Фейсбук ҳамчунин манобеъи дигар таъйид шуд. Толибон иддао карданд, ки ӯ дар ҳинни пешравӣ ба Бозорак, маркази вилояти Панҷшер ҷон бохтааст[5][6]. Ба гуфтаи манобеъи номушаххас[9] ва таҳлилгари дифоъӣ Бобак Тақвоӣ, Фаҳим Даштӣ дар ҷараёни даргирӣ тавассути як ҳавопаймои бидуни сарнишини покистонӣ кушта шуд[10].

  • Муҳаммад Фаҳим Даштӣ. Лаҳзаи фоҷиъа: Ривояти террури Аҳмадшоҳи Масъуд. — Мардумак, 2011. — 111 с. — ISBN 9781780830773.
  1. Panjshir resistance leader says ready for talks with TalibanAl Jazeera English, 2021.
  2. 2.0 2.1 2.2 Sputnik Тоҷикистон. “Хоҳарзодае, ки Масъуд гуфт, на тағо”: Фаҳими Даштӣ кӣ буд? – ба ривояти худаш(тоҷ.). Sputnik Тоҷикистон (6 сентябри 2021). 6 сентябри 2021 санҷида шуд.
  3. Kabul airport reopens for domestic flights with no radar as Taliban battles resistance fighters in last holdout(англ.). Washington Post (6 September 2021).
  4. 4.0 4.1 Panjshir resistance leader says ready for talks with Taliban(англ.). al-Jazeera (5 September 2021).
  5. 5.0 5.1 Fahim Dashti survived the 'Lion of Panjshir' assassination. Now, under Taliban fire, he is killed(англ.). The Week (6 September 2021).
  6. 6.0 6.1 Resistance group fighting Taliban offers talks to end conflict in Panjshir(англ.). AA (5 September 2021).
  7. Wani, Ashraf Chief commander of Panjshir resistance forces Saleh Mohammed killed, claim Taliban. India Today (September 6, 2021).
  8. Kabul airport reopens for domestic flights with no radar as Taliban battles resistance fighters in last holdout(англ.). Washington Post (6 September 2021).
  9. Taliban wollen Panjshir-Tal erobert haben(олмонӣ). ORF (6. September 2021).
  10. Pakistan Air Force drones bombed Panjshir resistance?. The Week (6 сентябри 2021). — «Taghvaee claimed the drone attacks were responsible for killing Fahim Dashti, the spokesperson for the NRF.»