Фирдавс Муқаддасзода

иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (2018), дотсент

Фирдавс Мукаддасзода (зод. 25 ноябри 1970, деҳаи Ворух, ноҳияи Исфара) — иқтисоддон, доктори илмҳои иқтисодӣ (2018), дотсент. Муовини сардори раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Мукаддасзода, Фирдавс Мукаддас
Акс:Мукаддасзода, Фирдавс Мукаддас.jpg
Таваллуд 25 ноябри 1970
ноҳияи Исфара, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Ном ҳангоми таваллуд Хаёходжаев Фирдавс Мукадасович
Дараҷаи илмӣ доктори илмҳои иқтисодӣ
Унвони илмӣ дотсент
Фаъолият Макроиқтисод, Маблағгузорӣ ва microeconomics[d]
Ҷоизаҳо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019), Ифтихорномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон (2019)
Фаъолияти илмӣ
Фазои илмӣ Иқтисод: макроиқтисод, микроиқтисод, соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, шарикии давлат ва бахши хусусӣ
Ҷойҳои кор Заводи гидрометаллургии Исфара (ҳоло ҶСК «Тамохуш-ИГМЗ», мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон, Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома

вироиш

Муқаддасзода Фирдавс Муқаддас 25 ноябри соли 1970 дар деҳаи Ворухи ноҳияи Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ, Академияи иқтисодии Россия ба номи Г. В. Плеханов (Донишгоҳи иқтисодии Россия ба номи Г. В. Плеханов)-ро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Соли 1988 мактаби миёнаи рақами 22-и ноҳияи Исфара ва соли 1993 Академияи иқтисодии Россия ба номи Г. В. Плехановро хатм намуда, соли 2010 рисола оид ба дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои иқтисодӣ ва соли 2018 рисола оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои иқтисодиро дар мавзӯи «Рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи хизматрасониҳои бозорӣ» дифоъ намудааст. Оиладор соҳиби се писар мебошад.

Фаъолият

вироиш
  • 1993 — Академияи иқтисодии Русия ба номи Г. В. Плеханов (Донишгохи иктисодии Россия ба номи Г. В. Плеханов)-ро хатм кардаааст. Ихтисос: иқтисодчӣ, омӯзгори фанҳои микро ва макроиқтисодӣ, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ;
  • 1993—2000 — молрасон, иқтисодчии шуъбаи таъминоти моддию техникии Заводи гидрометаллургии Исфара (ҳоло ҶСК «Тамохуш-ИГМЗ», шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон);
  • 2000—2002 — сармутахассиси кумитаи иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 2002—2006 — сардори шӯъбаҳои идоракуни амволи давлатӣ ва робитаҳои иқтисодии хориҷии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Аз соли 2006 то ба имрӯз дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад;
  • 2007 то 2010 — дар кафедраи назарияи иқтисодии Донишкадаи иқтисоди Тоҷикистон (Донишгоҳи молияи Тоҷикистон) корҳои илмӣ-тадқиқотӣ анҷом додааст;
  • аз соли 2011 то 2022. — муаллими калон, дотсент, иҷрокунандаи вазифаи профессори кафедраи иқтисоди ҷаҳонии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон.
  • аз соли 2023 то ҳоло — и.в. профессори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Фаъолияти илмию эҷодӣ

вироиш

Муаллифи беш аз 65 асари илмӣ ва илмию методӣ мебошад, ки дар маҷаллаҳои бонуфузу тақризшавандаи ватаниву хориҷӣ ба нашр расидаанд.

  • Рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ дар соҳаи хизматрасониҳои бозорӣ / Ҷанбаҳои назариявӣ, методологӣ ва амалӣ // зери таҳрири узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмуродова Л. Х. -Душанбе: Ирфон, 2018.
  • Дастури таълимӣ ва методӣ оид ба омӯзиши фанни «Фаъолияти иқтисодии хориҷӣ» // Душанбе, 2020.
  • Дастури методӣ оид ба омузиши фаъолияти савдои берунӣ (Масъалаҳо ва мисолҳо ба забони тоҷикӣ). — Душанбе, 2015
  • Тоҷикистон ва Созмони Умумиҷаҳонии Савдо // Дастури таълимӣ ва методӣ оид ба омӯзиши фан (ҳаммуаллифӣ). — Душанбе: Ирфон, 2015.
  • Масъалаҳо ва дурнамои ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди кушоди Ҷумҳурии Тоҷикистон / Монография. -Душанбе: «Ирфон», 2011.

Ҷоизаҳои

вироиш

Соли 2019 бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.