Фирдавс Шарифзода (зод. 16 феврали 1984, Ленинобод, ҶШС Тоҷикистон) — ходи ми давлатӣ, раиси шаҳри Хуҷанд (аз 2020).

Фирдавс Шарифзода
Фирдавс Шарифзода
Таваллуд 16 феврал 1984(1984-02-16) (40 сол)

Зиндагинома вироиш

Фирдавс Шарифзода 16 феврали соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи тоҷик ба дунё омадааст. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуровро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардааст. Соли 2015 Академияи хоҷагии халқ ва идоракунии давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Корнома вироиш

Фаъолияти кориашро солҳои 2001—2003 ба ҳайси сармутахассиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Суғд оғоз кардааст. Солҳои 2003—2012 мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд буд. Солҳои 2012—2014 — сармутахассиси шуъбаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд. Солҳои 2014—2015 дар вазифаи мудири бахши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кор кардааст. Солҳои 2015—2018 директори генералии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд ва солҳои 2018—2020 раиси шаҳри Гулистон буд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 18 ноябри соли 2020 N74 Раиси шаҳри Хуҷанд таъин гардид. [1]

Эзоҳ вироиш