Фирӯза Ташпулатова

омӯзгори фанни математика, номзади илмҳои педагогика (2014)

Фирӯза Аҳтамбоевна Ташпулатова (тав. 14.11.1975, ш. Душанбе) — омӯзгори фанни математика, номзади илмҳои педагогика (2014). «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1999)

Фирӯза Ташпулатова
Фирӯза Аҳтамбоевна Ташпулатова
Таърихи таваллуд 14.11.1975,
Зодгоҳ Душанбе, ҶШС Тоҷикистон ИҶШС
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ педагогика
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои педагогика
Алма-матер Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Ҷоизаҳо «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1999)

Зиндагинома

вироиш

Фирӯза Аҳтамбоевна Ташпулатова соли 1991 мактаби миёнаи умумии № 12 ш. Душанберо бо медали нуқра, соли 1996 факултети математикаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ хатм кардааст. Аз соли 1996 ҳамчун барномасози дараҷаи 1 ва ассистенти кафедраи информатика ва математикаи амалии донишгоҳи омӯзгорӣ ба фаъолият шуруъ намудааст. Солҳои 2000–2004 дар аспирантураи донишгоҳи омӯзгорӣ таҳсил намудааст. Солҳои 2003-2004 ассистенти кафедраи математикаи ҳисоббарор, 2004-2012 муалими калони кафедраи информатикаи амалӣ, 2014-2015 дотсент ва иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи асосҳои технологияи информатсионӣ ва аз соли 2016 мудири кафедра дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мебошад. Дар мавзуи «Методикаи истифодаи малакаҳои ҳаётии хонандагон дар дарсҳои математика» рисолаи номзадӣ омода кардааст. Муаллифи зиёда аз 10 мақолаи илмӣ ва илмию методӣ мебошад. Бо нишони «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1999) сарфароз шудааст.

Пайвандҳо

вироиш

Энсиклопедияи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ