Фирӯзи Машриқӣ
Фирӯзи Машриқӣ (форсӣ: فیروز مشرقی; ? — 896[1]) — шоир ва нависандаи эронитабори аҳди Тоҳириёну Саффориён, муосири Амру ибни лайси Саффорӣ, ки аз ашъораш ҳамагӣ 9 байт мондааст.
Таърихи даргузашт | 896 |
---|---|
Кишвар | |
Пеша | шоир |
Зиндагинома
вироишАвфӣ дар «Лубобу-л-албоб» меорад, ки Фирӯзи Машриқӣ дар шоирӣ маҳорати хуб дошта, шеъри форсиро равону содда месурудааст. Аз осораш абёти пароканда боқист. Ин ду байтро Фирӯзи Машриқӣ дар сифати тири хаданг гуфтааст:
Мурғест хаданги ӯ аҷаб дидӣ,
Мурғе, ки ҳама шикри ӯ ҷоно.
Дода пари хеш каргасаш хадя,
То бачаашро барад ба мехмоно.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Encyclopaedia Iranica Foundation. FĪRŪZ MAŠREQĪ(англ.). iranicaonline.org. 28 сентябри 2023 санҷида шуд.
Адабиёт
вироиш- Фирӯзи Машриқӣ / С. Воҳидов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).
- Ашъори хамасрони Рӯдакӣ, Сталинобод, 1958.