Фитонси́дҳо (аз юн. φυτóν — «гиёҳ» ва лот. caedo — «мекушам») — моддаҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъолро гӯянд, ки рустаниҳо ҳосил карда, микроорганизмҳо (бактерияҳо, занбӯруғҳои микроокопӣ, соддатаринҳо)-ро нобуд ё сабзишу инкишофи онҳоро суст мекунанд. Онҳо яке аз омилҳои иммунитети табиии рустаниҳо буда, зимни алоқаи мутақобилаи организмҳо дар биогеосеноз аҳамияти калон доранд.

Хосияти зиддимикробии фитонсидҳоро ба назар гирифта, онҳоро дар тиб (давоҳои аз сир, пиёз, росал ва ғайра тайёр кардашуда) истифода мебаранд.

Адабиёт

вироиш
  • Токин Б. П. Целебные яды растений. Повесть о фитонцидах. — Л., 1980. Бойгонӣ шудааст 9 апрели 2022  сол.
  • Зелепуха С. И. Антимикробные свойства растений, употребляемых в пищу, К., 1973
  • Токин Б. П. Фитонциды, 2 изд., М., 1951
  • Фитонциды, их роль в природе, Л., 1957
  • Фитонциды. Эксперимент. Исследования, вопросы теории и практики, К., 1975.

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш
  • Фитонсидҳо // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).