Фозил Абдураҳмонов

Фозил Абдураҳмонов (05.12.1930, шаҳри Конибодом)— доктори илмҳои тиб (1968), профессор (1969), Ходими шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1994).

Фозил Абдураҳмонов
Фозил Абдураҳмонов
Таърихи таваллуд 5 декабр 1930(1930-12-05)
Зодгоҳ Конибодом вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС
Таърихи даргузашт 22 сентябр 2022(2022-09-22) (91 сол)
Маҳалли даргузашт Душанбе
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ тиб
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино,
Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои тиб
Унвонҳои илмӣ профессор
Алма-матер Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино,
Ҷоизаҳо Ходими шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон (1994), ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 7 медал ва ифтихорномаҳо, Аълочии соҳаи тандурустӣ.

Зиндагинома

вироиш

Фозил Абдураҳмонов хатмкардаи факултаи муолиҷавии Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино (1952). Аспиранти кафедраи анатомияи эътидолии одами Донишкадаи тиббии 2-юми Москва ба номи И.В. Сталин (ҳоло Донишгоҳи тиббии Москва ба номи Н.И. Пирогов; 1952-1955), ассистент (1955-1961), дотсенти кафедраи анатомияи эътидолии одами ИДТТ (1961-1967) ва ҳамзамон муаллими калони факултаи тарбияи ҷисмонии ИДПД (1955-1957), директори Омӯзишгоҳи тиббии Душанбе (ҳоло коллеҷ; 1957-1962), декани факултаҳои педиатрӣ ва стоматологӣ (1963-1967, 1968-1969), мудири кафедраи анатомияи эътидолии одами факултаҳои педиатрӣ ва фармакологӣ (1968-1994), мудир (1994-2006) ва профессори (аз 2006) кафедраи муттаҳидаи анатомияи одами Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино кор кардааст. Профессор Фозил Абдураҳмонов, яке аз донишмандони тоҷик дар арсаи таҳқиқи анатомияи инсон ва доктори илмҳои тиб, субҳи 22 сентябри соли 2022 дар Душанбе аз олам даргузашт. Марҳум 92 сол дошт ва даргузашти ӯро аҳли илм ва шогирдонаш талафоти бузург унвон карданд.[1]

Фаолияти илмӣ

вироиш

Доир ба масоили таъмини хуни бахшҳои ҷудогонаи мағзи сар, ғадудҳои тарашшуҳи дохилӣ ва морфологияи рагҳои хурди хуну лимфагарди узву бофтаҳои одам дар ҳолати муътадил ва беморӣ (перитонит, илтиҳоби гурда, сиррози ҷигар, ғалаёни хун ва ғайра), ҳамчунин дар шароити таҷриба дар водиҳо ва баландкӯҳҳо (ағбаҳои Анзоб ва Мурғоб), сохтори макро ва микроскопии рагҳои хунгарди узвҳои ҷавфи шикам дар ҳолати муътадил, ноқисӣ ва таҷриба дар шароити водӣ ва баландкӯҳ ковиши илмӣ анҷом додааст. Муаллифи зиёда аз 170 асару мақолаҳои илмӣ ва таълимию методӣ мебошад.[2]

  • Артериальное кровоснабжение красного ядра мозга человека. – М., 1955;
  • Микромикроскопическое строение внутриорганного русла брюшины в норме и эксперименты: Дисс…доктора мед.наук. – Д., 1968;
  • Кровеносные сосуды брюшины. – Д., 1973;
  • Анатомияи одам, ҷ. 1. – Д., 1995, ҷ. 2, 1998;
  • Краткий атлас анатомии человека (соавтор). – Д., 2000;
  • Атлас – учебник по функциональной анатомии человека. Часть 1 – 2. – Д., 2006, 2008.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, 7 медал ва ифтихорномаҳо мукофотонида шудааст. Ходими шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон. Аълочии соҳаи тандурустӣ.[2]

  1. Даргузашти донишманди тоҷик Фозил Абдураҳмонов(тоҷ.). www.asiaplustj.info (2022). 26 апрели 2022 санҷида шуд.
  2. 2.0 2.1 Фозил Абдураҳмонов