Фозил Одилов (24 январи 1925, деҳаи Ярхаб, ноҳияи Ғарм — 21 сентябри 2010, ноҳияи Рашт) — овозхон ва навозандаи тоҷик, Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1972).

Фозил Одилов
Таърихи таваллуд 4 январ 1925(1925-01-04)
Зодгоҳ деҳаи Ярхаб, ноҳияи Ғарм
Таърихи даргузашт 21 сентябр 2010(2010-09-21) (85 сол)
Маҳалли даргузашт ноҳияи Рашт
Пеша(ҳо) овозхон, навозанда
Ҷоизаҳо Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1972)

Зиндагинома

вироиш

Соли 1952 факултаи филологияи тоҷики Институти педагогии шаҳри Душанберо хатм карда, солиён дар мактабу маориф фаъолият доштааст. Ҳамчун сарояндаи ҳаваскор пайваста дар ҷашнвораҳои ҷумҳуриявии мусиқӣ иштирок менамуд, ҳунарашро сайқал медод ва маҳораташро қадр наму¬данд. Бештар аз осори классикон ва таронаҳои халқӣ мусуруд. «Дил меравад зи дастам», «Мекунад бозӣ», «Ошиқи ёрам», «Ошиқи бечора», «Чашмаки ту», «Дилдори кӣ бошад», «Кокули парешон», «Намеёбӣ», «Дар васфи Тоҷикистон», «Санам», «Баргард», «Фардо», «Бӯи баҳор», «Духтари ҳамсоя» аз беҳтарин сурудҳояш ҳастанд.

Ҷоизаҳо

вироиш

Барои заҳмати зиёд дар ақибгоҳ (1941—1945) бо ордени Ҷанги Ватанӣ (дараҷаи II) қадр шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.