Овошиносӣ

(Тағйири масир аз Фонетика)

Овошиносӣ (форсӣ: آواشناسی‎), фоне́тика (юн. φωνηεντικός — «овоӣ»; аз φωνή — «ово») — як шохаи илми забоншиносӣ буда, ҷиҳати овозии забонро меомӯзад. Ҳамаи ҳодисаҳои забон: морфемаҳо, калимаҳо, ҷумлаҳо ва ғ. қонунҳои ҳамнишинӣ ва тағйири онҳо, ки дар майнаи мо дар шакли мафҳумҳо, тасаввуротҳо, нақшаю қонунҳо ва муносибатҳои умумигардида маҳфуз мебошанд, ҷиҳати моддӣ-моҳияти овозӣ зоҳир мешаванд. Нутқи овозӣ шакли мавҷудият, ҷиҳати моддии забон аст. Вазифаи илми савт таҳқиқи системаи овозии забон мебошад. Савт воҳидҳои овозии забонро равшан ва муқаррар намуда, моҳият ва саҳми онҳоро дар ташкили мубодилаи афкор муайян менамояд. Мавзӯи баҳси савт маҷмӯи ҳодисаҳои овозии забон мебошад, ки дар байни онҳо овозҳо, зада ва оҳанг мавқеи асосиро ишғол менамоянд.Овозҳо воситаи асосии ташаккули овозии забон мебошанд. Савт дар асоси таҳқиқи овозҳои нутқ миқдор, қонунҳои ҳамнишинию тағирёбӣ ва гурӯҳҳои онҳоро муайян менамояд. Илми савт инчунин моҳият ва навъи задаро муайян намуда, ҷойи онро дар калима, тағйир ё пойдории онро дар калимасозию шаклсозӣ, вазифаи онро дар низоми фонологии забон таъйин месозад.

Оҳанг (интонатсия) аз воҳидҳои мураккаби савтӣ ба шумор меравад. Унсурҳои оҳанг, вазифа ва ҳамкории онҳо дар ташкили навъҳои гуногуни оҳанг вобаста ба маӄсади гуфтор, (пурсиш, ахбор, ангезиш), воҳидҳои асосии оҳанг тақтеву ташкили савтии он ва ғайра мавзӯи баҳси соҳаи дигари савт — оҳангшиносӣ (интонология) аст.

Адабиёт

вироиш
  • Додихудо Саймоддинов Форсии бостон: Овошиносӣ, грамматика, овонавишт, катибах̧ои мехӣ ва вожанома., Институт забон адабиёти рӯдакӣ, 2008

Адабиёт

вироиш
  • Грамматикаи забони адабии ҳозираи тоҷик.- Душанбе: Дониш,1985. — С.13