Савт (оҳангшиносӣ)
Савт (оҳангшиносӣ) (савт аз ар. – овоз, садо) — оҳанг ё навое, ки дар мусиқии тоҷик барои як сози мусиқӣ ё овозхон офарида шудааст. Суруду навои маълумро ба зарбу усули дойра дароварда, бо ҳар хел намунаҳояш «Савт» меноманд. Яъне «Савт» суруду оҳангест лаззатбахшу фараҳнок, на шӯх ва на маҳзун.
«Савт» таърихи қадима дорад. Ба қавли И. Раҳимов: «Ҳанӯз дар аҳди Сосониён суруду оҳангҳое офарида мешуданд, ки хусусияти савтӣ доштанд. «Савт» баъд аз истилои арабҳо дар асрҳои миёна ба таркиби «Дувоздаҳмақом» дохил шуда, аз он ба «Шашмақом» гузашт ва дар қисми «Мушкилот» ва «Наср»-и мақомҳо ҷой гирифт. Масалан, «Савт»-и Сарвиноз дар қисми якуми шуъбаи дуюми мақоми «Бузург», «Савт»-и «Ушшоқ» ва «Савт»-и Сабо дар ҳар ду қисми шуъбаи дуюми мақоми «Рост» ва ғ. Ғайр аз ин боз «Савт»-ҳои муштарак ҳастанд, ки берун аз «Шашмақом» (шояд аз «Дувоздаҳмақом» бошанд) амал мекунанд. Масалан, «Савт»-и «Муҳайяр», «Савт»-и «Мискин» ва ғ. Дар «Шашмақом» «савт» шохаҳои худро дорад. Онҳоро «Талқинча», «Қашқарча», «Соқинома» ва «Уфар» меноманд. «Савт» бо зарбу пардааш дар «Шашмақом» мақоми махсус дошта, аз дигар суруду оҳангҳо фарқ мекунад… Умуман «Савт» ҳамеша чун қисми дуюми баъзе суруд ва оҳангҳое ба шумор меравад, ки ба зарбҳои гуногун иҷро мешаванд». Ғайр аз ин «савт»-ҳо барои созҳои ҷудогона ва бо номҳои мухталиф низ офарида мешаванд. Масалан, «Савти рубоб»-и Х. Абдуллоев, «Савти Борбад»-и Ҷ. Обидпур, «Савти Чанг» ё маҷмӯаи пиесаҳо бо номи «Савтҳои Борбадӣ»-и Ҷ. Обидпур (1990) ва ғ. мисол шуда метавонанд.[1]
Эзоҳ
вироиш- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 331-332. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2 (тоҷ.)