Фотима Ачилова (Фотима Ҳамдамовна Ачилова; 3.03.1960, шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд) — олима, номзади илмҳои биологӣ, дотсент, Аълочии маорифи Тоҷикистон (2013).

Фотима Ачилова
Фотима Ҳамдамовна Ачилова
Таърихи таваллуд 3 март 1960(1960-03-03) (64 сол)
Зодгоҳ Хуҷанд, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон
Кишвар  Тоҷикистон
Фазои илмӣ биолог
Ҷойҳои кор Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров
Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои биология,(1996)
Унвонҳои илмӣ дотсент (1998)
Алма-матер (Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С. М. Киров)
Ҷоизаҳо Аълочии маорифи Тоҷикистон (2013)

Зиндагинома

вироиш

Фотима Ҳамдамовна Ачилова 3 марти соли 1960 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 1982 факултети табиатшиносию географияи Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С. М. Кировро бо баҳои аъло хатм намудааст. Пас аз хатми донишкада дар ҳайси Корманди хурд ва сипас корманди калони илмӣ, котиби шӯро дар Маркази илмии Хуҷандии Академияи илмҳои ҶТ (1982 -1995) фаъолият намудааст. Солҳои 1991-1995 аспиранти ғоибонаи Институти Ботаникаи Академияи илмҳои ҶТ буд. Пас аз хатми аспирантура ба ҳайси мудири шуъбаи аспирантураи ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров (дар муддати солҳои 1996-1997), дотсенти кафедраи ботаника ва физиологияи рустаниҳо (дар муддати солҳои 1997-2003), дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиат (2003-2012), мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиат (2011-2016) фаъолият намудааст. Солҳои 2013 – 2016 мудири кафедраи экология ва ҳифзи табиати дар кафедраи экология ва ҳифзи табиати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров буд. Аз октябри соли 2016 то кунун - дотсенти кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология ва туризми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров.[1]

Фаъолияти илмӣ

вироиш

Соли 1996 натиҷаи корҳои илмии худро дар мавзӯи «Омӯзиши муқоисавии хусусиятҳои биоэкологӣ ва физиологии намудҳои Cercis L. дар Тоҷикистон» ҷамъбаст намуда, дар Институти физиология ва биофизикаи рустаниҳо Академияи Илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадиро дифоъ намудааст. Фаъолиятҳои илмии ӯ ба масоили омӯзиши хусусиятҳои биологӣ, экологӣ ва физиологии намудҳои интродуксияшуда ва маҳаллии авлоди Cercis L дар шароити боғи набототи шаҳри Хуҷанд ва шаҳри Душанбе равона шудааст. Ӯ аввалин маротиба дар шароити Тоҷикистон хусусиятҳои биоэкологӣ ва физиологии чор намуди авлоди Cercis L.-ро дар муқоиса дар шароити интродуксия омӯхта, оид ба парвариш, афзоиш ва истифодаи намудҳо бо мақсади кабудизоркунӣ ва ороишӣ пешниҳодҳо додааст.

Осори илмӣ

вироиш

Ачилова Фотима муаллифи бештар аз 100 асару мақолаҳои илмӣ, аз ҷумла 3 китоби дарсӣ, 7 дастури таълимию методӣ мебошад. Маслан китобҳои вай –

  • «Луғатнома» Луғати мухтасари сезабонаи илмҳои табиатшиносӣ (русӣ, тоҷикӣ, ӯзбекӣ). - Хуҷанд, 2001;
  • Ботаника бо асосҳои экология.- Хуҷанд, 2009,
  • Луғати тафсирии русӣ - тоҷикии истилоҳоти ботаника. - Хуҷанд, 2012;
  • Мониторинги экологӣ. - Хуҷанд,2013;
  • Тафсири луғат ва истилоҳҳои асосии биологӣ. - Хуҷанд,2014;
  • Экологияи глобалӣ. - Хуҷанд, 2016;
  • Экологияи нақлиёт.- Хуҷанд, 2019 аз дастовардҳои муҳими илмӣ, таълимӣ-методӣ соҳиб будани ин олимаи тоҷик дарак медиҳад.

Китобҳои дарсӣ

вироиш
  1. Заминшиносӣ /Ачилова Ф., Валаматова С., - Худжанд: «Нури маърифат»,2011,- 80 с.
  2. Технологияи тухмипарварии зироатҳои кишоварзӣ / Ачилова Ф., Толибов Ю.. - Конибодом, 2017, - с. 207.
  3. Экологияи нақлиёт /Ачилова Ф. - Хуҷанд: Нури маърифат, 2019. - 173с

Мукофот ва ҷоизаҳо

вироиш

Пайвандҳо

вироиш