Франтс Бопп (олмонӣ: Franz Bopp; 14 сентябр 1791[1][2][3][…], Mainz[d], Electorate of Mainz[d][4]23 октябр 1867[1][2][3][…], Берлин[4]) — забоншиноси олмонӣ, профессори Донишгоҳи Берлин (1821—1964), узви АИ ПРусия (аз соли 1822). Асосгузори пажӯҳиши муқоисавӣ-таърихии забонҳои ҳиндуаврупоӣ ва забоншиносии муқоисавӣ.

Франтс Бопп
олмонӣ: Franz Bopp
Таърихи таваллуд 14 сентябр 1791(1791-09-14)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 23 октябр 1867(1867-10-23)[1][2][3][…] (76 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ санскрит[d], Indo-European studies[d] ва забоншиносӣ
Ҷойҳои кор
Шогирдон Leo Meyer[d]
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Дар оғоз ба омӯзиши санскрит даст зада, сохтори калимаро дар ин забон таҳқиқ кард. Хулосаҳояшро дар китоби «Доир ба тасриф дар забони санскрит дар муқоиса бо забонҳои юнонӣ, лотинӣ, форсӣ ва олмонӣ» (1816) ҷамъбаст намуд. Франтс Бопп дар асари худ масъалаи умумияту хешигарии забонҳои итолиёӣ, юнонӣ, лотинӣ, готӣ, келтӣ, форсии қадим ва ғ-ро ба низом даровард ва соли нашри китоби ӯ соли пайдоиши забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ дониста шудааст. Ӯ дар китоби дигари худ — «Грамматикаи муқоисавии забонҳои санскрит, занд, юнонӣ, лотинӣ, литвагӣ, готӣ ва олмонӣ» (дар се ҷилд, солҳои 1833, 1849 чоп шудааст, нашри дуюмаш — 1856-61) ба гурӯҳи забонҳои муқоисашаванда забонҳои славянии қадим, келтӣ, индонезӣ ва қафқозиро дохил кард. Баъдан маълум гардид, ки ба гурӯҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ дохил намудани забонҳои индонезӣ ва қафқозӣ ғалат аст. Франтс Бопп муаллифи китоби «Грамматикаи интиқодии санскрит» (1834), ношир ва тарҷумони матнҳои қадимии ҳиндӣ мебошад. Мақсади Франтс Бопп барқарор кардани забони мабдаъ (нахустзабон)-и ҳиндуаврупоӣ буд. Ба ин оилаи забонҳо номи ҳиндуаврупоро низ Франтс Бопп додааст.

Адабиёт

вироиш