Фра Бартоломео
Фра Бартоломео (28 март 1472[1], Прато[d], Тусконӣ[d] — 31 октябр 1517[1][2][3][…], Флоренсия[d]) — рассом ва наққоши итолиёӣ.
итол. Fra-Bartolommeo | |
![]() | |
Таърихи таваллуд | 28 март 1472[1] |
Зодгоҳ: | |
Таърихи даргузашт | 31 октябр 1517[1][2][3][…] (45 сол) |
Маҳалли даргузашт | |
Мамлакат: | |
Жанр | наққошии мазҳабӣ[d] |
![]() |
Зиндагинома Вироиш
Дар назди К. Росселли ва П. ди Козимо сабақ гирифт. Соли 1500 роҳибиро пеша намуда, ба силки доминиканҳо дар дайри Марки Муқаддас (Флоренсия) ворид гардид. Соли 1507 ба Венетсия ва с. 1514 ба Рум сафар кард. Нақшҳои перспективӣ ва композитсионии Леонардо да Винчиро омӯхт. Дар ташаккули услубии равандҳои Эҳёи Олӣ нақши муҳим бозид.
Осор Вироиш
Муаллифи силсилаи суратҳои рӯидеворӣ ва меҳробҳои калон («Бибӣ Марям бо ду авлиё», 1508-09, Лукка; «Маросими издивоҷи Катеринаи Муқаддас», 1512, Флоренсия; «Марям делла Мизерикордиа», 1515, Лукка). Бартоломмео зиёда аз ҳазор расм боқӣ гузоштааст. Як насли комили рассомони ибтидои садаи XVI Флоренсия таҳти таъсири Бартоломмео асар эҷод кардаанд.
Эзоҳ Вироиш
- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
- ↑ 2.0 2.1 Bartolommeo (Fra) (нидерл.)
- ↑ 3.0 3.1 Fra Bartolommeo (ингл.) — OUP, 2006. — ISBN 978-0-19-977378-7
- ↑ https://www.kulturarv.dk/kid/VisKunstner.do?kunstnerId=1253
Адабиёт Вироиш
- Бартоломмео // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2021, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Новая российская энциклопедия. Т. 2. М., 2005.