Фра Бартоломмео


БАРТОЛОММЀО (Bartolommeo) Фра (28.3.1472 ё 1475–31.10.1517), рассом ва наққоши итолиёӣ.

Фра Бартоломмео
Фра Бартоломео
Fra bartolomeo.jpg
Таърихи таваллуд: 28 марти соли 1472
Зодгоҳ: Петербург
Таърихи даргузашт: 31 октябри соли 1517
Маҳалли даргузашт:
Кишвар:
Фазои илмӣ: шарқшиноси рус
Шогирдони маъруф: Ridolfo del Ghirlandaio[d]
Commons-logo.svg Парвандаҳо дар Викианбор

ЗиндагиномаВироиш

Дар назди К. Росселли ва П. ди Козимо сабақ гирифт. Соли 1500 роҳибиро пеша намуда, ба силки доминиканҳо дар дайри Марки Муқаддас (Флоренсия) ворид гардид. Соли 1507 ба Венетсия ва с. 1514 ба Рим сафар кард. Нақшҳои перспективӣ ва композитсионии Леонардо да Винчиро омӯхт. Дар ташаккули услубии равандҳои Эҳёи Олӣ нақши муҳим бозид.

ОсорВироиш

Муаллифи силсилаи суратҳои рӯидеворӣ ва меҳробҳои калон («Бибӣ Марям бо ду авлиё», 1508–09, Лукка; «Маросими издивоҷи Катеринаи Муқаддас», 1512, Флоренсия; «Марям делла Мизерикордиа», 1515, Лукка). Бартоломмео зиёда аз ҳазор расм боқӣ гузоштааст. Як насли комили рассомони ибтидои садаи XVI Флоренсия таҳти таъсири Бартоломмео асар эҷод кардаанд.

АдабиётВироиш

Новая российская энциклопедия. Т. 2. М., 2005.

СарчашмаВироиш

  1. German National Library, Berlin State Library, Bavarian State Library, Austrian National Library Record #118968580 // Общий нормативный контроль (GND) — 2012—2016.
  2. https://www.kulturarv.dk/kid/VisKunstner.do?kunstnerId=1253