Фридрих Арнолд Брокҳауз

Фридрих Арнолд Брокҳауз (олмонӣ: Friedrich Arnold Brockhaus; 4 майи 1772, Дортмунд20 август 1823, Лейпзиг) — ношири олмонӣ, муассиси ширкати бузурги табъу нашри «Брокҳауз» ва ношири «Донишномаи Брокҳауз». Донишномаи ӯ дар Русия барои нашри русии Луғати донишномавии Брокҳауз ва Ефрон (82 ҷилд) аз соли 1890 то 1907 хидмати бузург кардааст.

Фридрих Арнолд Брокҳауз
олмонӣ: Friedrich Arnold Brockhaus
Сурат
Таърихи таваллуд 4 май 1772(1772-05-04)[1][2][3]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 20 август 1823(1823-08-20)[2][3] (51 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Пеша ношир, китобфурӯш
Фарзанд Heinrich Brockhaus[d], Hermann Brockhaus[d] ва Friedrich Brockhaus[d]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Фридрих Арнолд БрокҲауз 4 майи соли 1772 дар Дортмунд ба дунё омадааст.

Фаъолият

вироиш

Соли 1805 яке аз бузургтарин ширкатҳои табъу нашрро дар ҷаҳон ташкил намуд. Соли 1814 он «Ф. А. Брокҳауз» ном гирифт; аввал дар Амстердам, аз соли 1811 дар Алтенбург ва аз соли 1817 дар Лейпзиг фаъолият мекард.

Брокҳауз роҳи нави энсиклопедиясозиро пеш гирифта буд: усули таҳияи луғатнома ва пешниҳоди маводди иттилоотӣ аз дигар энсиклопедияҳо фарқ мекарданд; мақолаҳои донишномаи Брокҳауз мухтассар, илман асоснок фа ба фаҳми омма мувофиқ буданд.

Ворисони Брокҳауз — писараш ва наберааш ширкати Брокҳаузро ба дараҷаи бузургтарин консернҳои нашриявии Аврупо ва ҷаҳон табдил доданд.

Абераи Брокҳауз — Эдуард ҳамроҳи китобфурӯш И. А. Ефрон дар Санкт-Петербург ширкати нашриявии «Ф. А. Брокҳауз ва И. А. Ефрон»-ро таъсис дод ва дар Русия нашри русии «Луғати энсиклопедии Брокҳауз ва Ефрон» оғоз ёфта, солҳои 1890—1907 дар 86 ҷилд ба табъ расид. Нашри ин луғат дар даврони шӯравӣ қатъ нагардид. Аз соли 2005 дар Русия нашри 21-уми дар 30 ҷилд оғоз ёфтааст.

Ҳамчунин нигаред

вироиш
  1. Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Encyclopædia Britannica (ингл.)
  3. 3.0 3.1 Энциклопедия Брокгауз (нем.)
  4. 4.0 4.1 Deutsche Nationalbibliothek Record #119501201 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.

Пайвандҳо

вироиш

Сарчашма

вироиш