Фрис Волф (олмонӣ: Fritz Wolff; 18441943) — шарқшинос-эроншиноси олмонӣ. Шогирди Христиан Бартоломе.

Фрис Волф

Зиндагинома

вироиш

Дар ш˗ҳои Мюних, Ҳейделберг, Берлин ва Ҳессен таҳсил кардааст. Унвони доктори илмро дар соҳаи эроншиносӣ соли 1907 дар шаҳри Ҳессен гирифт (мавзӯи кораш «Масдарҳо дар забонҳои ҳиндӣ ва эронӣ»). Бо роҳнамоии Бартоломе ба тарҷумаи Авесто ба забони олмонӣ шурӯъ кард. Ҳамаи бахшҳои Авесторо, ба ғайр аз «Готҳо» (ин бахши аз ҷиҳати забон мушкили авестоист, аз ин рӯ онро худи Бартоломе тарҷума кард) ба забони олмонӣ баргардон намуд ва он соли 1924 ба табъ расид. Пас аз омӯзиши «Шоҳнома»˗и Фирдавсӣ, соли 1910 ба тартиб додани «Фарҳанги Шоҳнома» даст зад ва пас аз 25 сол онро ба итмом расонд. Байти зеринро барои асараш чун эпиграф интихоб кардааст:

Ман ин нома фаррух гирифтам ба фол,
Ҳаме ранҷ бурдам ба бисёр сол.

Фарҳанги Фрис Волф фарогири тамоми вожаҳои «Шоҳнома» буда, бо зикри мавриди корбурдашон шарҳу тафсир шудаанд. Фарҳанг беш аз ҳазор саҳифа аст. Дар 109 саҳифаи он феҳристи вожаҳо бо нишондоди ҷойи онҳо дар нашр-ҳои гуногуни «Шоҳнома» (Мокон, Вуллерс, Жул Мол) омадааст. Асари дигари Фрис Волф феҳристи таъйини ҷойи шавоҳиди вожаҳои «Шоҳнома»˗и Абдулқодири Бағдодӣ дар «Шоҳнома» аст.

  • Avesta. Die heiligen Bucher der Parsen. Uberzetzt… von Fr. Wolf. Berlin und Lepzig, 1924;
  • Glossar zu Firdosis Schahname. Berlin, 1935.

Адабиёт

вироиш
  • Воҳидова С. Тамаддуни эрониёну тоҷикон дар таърихнигории мамолики олмонизабони Аврупо (карни ХУ111-ХХ1). Д., 2007;
  • Воҳидова С. Иранистика и таджиковедение в Германии (конец ХУ111-ХХ вв.). Д., 2001.

Сарчашма

вироиш