Христиан Бартоломе

Фридрих Христиан Леонард Бартоломе (олмонӣ: Friedrich Christian Leonhard Bartholomae; 21 январ 1855[1][2], Турнау[d], Франконияи Болоӣ[d]9 август 1925[1], Лангеог[d], Ҳанновер[d][3]) — забоншиноси олмонӣ, профессор Донишгоҳи Ҳейделберг. Намояндаи мактаби забоншиносии Грамматикҳои ҷавон.

Христиан Бартоломе
олмонӣ: Friedrich Christian Leonhard Bartholomae
Таърихи таваллуд 21 январ 1855(1855-01-21)[1][2]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 9 август 1925(1925-08-09)[1] (70 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ забоншиносӣ ва шарқшиносӣ
Ҷойҳои кор
Дараҷаи илмӣ: докторӣ[d][3]
Шогирдон Фрейман Александр Арнолдович

Бо истифода аз методи муқоисавӣ-таърихӣ ва бо такя ба консепсияи забони мабдаи ҳиндуаврупоӣ ба пажӯҳиши гурӯҳи забонҳои ҳинду эронӣ — забони авестоӣ, форсии қадим, забони форсии миёна — паҳлавӣ, омӯзиш ва тарҷумаи Авесто машғул шудааст. Дар ҷ. 1 асари ҷомеи «Асосҳои филологияи эронӣ» («Grundriss der Iranischen philologie», 1895) ду мақолаи калони Бартоломе — якумаш оид ба таърихи забонҳои эронӣ ва дуюм доир ба забонҳои авестоиву форсии қадим ҷой дода шудаанд. Бартоломе муаллифи луғати ҳаҷман бузург (зиёда аз ҳазор саҳифа) мебошад, ки шарҳи тамоми калимаҳои Авесто, осори забони форсии қадим ва форсии миёнаро дар бар мегирад. Дар луғати Бартоломе шарҳи калима, тарҷумаи он аз забонҳои қадим аввал ба забони форсии муосир, сипас ба забони олмонӣ оварда шудааст. Бартоломе ба тарҷумаи Авесто ба забони олмонӣ таваҷҷуҳи хосса дошт. Вай бахши муҳимтарин ва мушкили Авесто — «Готҳо»-ро бо тафсири муфид тарҷума карда, ба табъ расонд. Тарҷумаи қисмҳои дигари Авесторо бо роҳбарӣ ва ҳидояти Бартоломе шогирдаш Ф. Волф анҷом дод. Шогирдони дигари Бартоломе — Юнкер ва Райхелт ба омӯзиш, тарҷумаву тафсири осори забони форсии миёна, мураттабсозии дастурҳои омӯзиши забони авестоӣ (Райхелт) машғул шудаанд. Умуман, навиштаҳои Бартоломе доир ба эроншиносӣ оламшумуланд ва пажӯҳишҳои классикӣ дар эроншиносӣ ба шумор мераванд.

  1. 1.0 1.1 1.2 1.3 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 Brozović D., Ladan T. Hrvatska enciklopedija (хорв.)LZMK, 1999. — 9272 с.
  3. 3.0 3.1 3.2 Deutsche Nationalbibliothek Record #116884444 // Общий нормативный контроль (GND) (нем.) — 2012—2016.


Сарчашма

вироиш